formula
ҒУЛОМИ НАФС (ҚИСМИ 18)
14.10.2021
ДИЛОШӮБ
3384

Дар хона

Падару модари Гулбоғ набераи навашонро бо пойандозу пулпошиҳо пешвоз гирифта аз дидораш серӣ надоштанд, Нозирҷон рӯзи дигар ҳамроҳи зану фарзандону хусуру хушдоманаш брои фотеҳахонӣ ба холни кампири Марям роҳ пеш гирифтанд. Ҷавон баъди сӯҳбат бо ҳамдеҳагон аз гӯри падарш хабар гирифта онро ободу тоза дид, писари кампири Марям аз гӯри падари бародархондаш ҳамеша бохабар буд. Нозир Бунёдҷонро низ ҳамроҳаш ба сари қабри падараш бурда бо гиря пичиррос зад:-Салом падарҷон, ана ин писари ман, набераат… Бунёд бо даҳони во ба падарш нигоҳ карда, дар ҳайрат буд, ки чаро падараш мегиряд. Ӯ бо дастони кӯчакаш ашкҳои падаршро тоза карда па-па, па-па, мегуфту халос. Зеро гап заданро хуб ёд нагирифта буд… Пас аз ду рӯз тӯйи хонадоршавии ҷияни Гулбоғро гузаронида ба Маскав баргаштанд. Чан рӯзи дар ҳалқаи хешу табору ақрабо будан, андешаҳои Гулбоғро тоза карданду таъбашро болида….

                                Чашми бад

Пас аз як ҳафтаи аз Тоҷикистон баргаштан авҳоли Бунёд яку якбора бад шуд, духтурҳо беморияшро иллати шушҳо гуфтанд. Акнун Гулбоғ дар беморҳона бо писарчааш хоб буду Дилшоди хурдакак бошад дар тарбияи Маша буд. Нозирҷон аз бемории фарзандаш дар ташвиш буду як пояш дар кору як пойи дигараш дар беморхона. Духтури миёнсоли айнакӣ ба Нозир гуфт:- Ин беморӣ он қадар хатарнок нест, вале ба писаратон як бор хун додан лозим, хуни модараш рост наомад аз ин рӯ аз шумо хун мегирем. Духтур баъди ташхиси хуни Нозирҷон бо ҳайрат ӯро наздаш ҷеғ зада гуфт:-Писаратон фарзанди худатон аст ё… Писари худам бо ҳайрат гуфт, Нозирҷон… Духтур дигар чизе нагуфта ба Нозирҷон фармуд, ки аз фалон марказ хун харида биёрад то ба писараш хун гузаронем… Даводавҳои Нозирҷон фоида бахшиданду Бунёдҷон дар як муддати кӯтоҳ шифо ёфт, вале як кунҷаки дили мард сиёҳ буд. Баъд аз чанд моҳи ин воқеа ӯ боз ба назди ҳамон духтур рафта дар бораи саволи додааш шарҳу эзоҳ талабид, духтур рӯирост гуфт:-Ташхиши ДНК гузаронед ҳамааш муайян мешавад….

                             Дар олами гумонҳо…

Акнун Нозирҷон дар ҳар амали занаш камбудӣ мекофт, ҳарчанд ӯ ба Гулбоғ нагӯяд ҳам, акнун гӯё аз хоб бедор шуда бошад, ишқварзиҳои занашро дар бистар пеши назар оварда дар дил мегуфт:- Чӣ гуна ман ба ин ҳама аҳмият надодам, охир як духтараки қишлоқӣ чӣ гуна метавонад мисли фоҳишаҳои таҷрибадор дар бистар «ҳунарнамоӣ» кунад? Пас аз ду моҳи фикру зикр Нозирҷон ба хулосае омад, ки бояд ташхиси ДНК- гузаронад. Чунки ба чеҳраи писаронаш, ки онҳоро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, назар афканда ягон монандӣ ба худ намедид… Як рӯз Гулбоғ гуфт, ки ба «Кошонаи ҳусн» меравад ва аз фурсати муносиб истифода бурда Нозирҷон ҳарду писарашро гирифта ба яке аз марказҳои бонуфузи тиббии Маскав рафта ташхис супорид. Ин гуна ташхис нархи гарон доштаасту танҳо баъди ду моҳ ҷавобаш меомадааст. Нозирҷон зиқу фарсудаҳол мегашт, танҳо Маша медонист, ки писархондашон барои чӣ ин гуна ҳолат дорад, зеро дар сафар ба маркази тиббӣ ҳамсарфари ӯ буд. Нозирҷон аз Маша хоҳиш кард, ки ба Гулбоғ аз ин сафарашон чизе нагӯяд…

                              Даҳшати зиндагӣ

Як моҳи пуризтироб низ ба охир расид ва Нозирҷон барои гирифтани ҷавоби  ташхиси супоридааш ба ташхисгоҳ рафт… Духтур, бонуи хушсалиқаи ниҳоят соҳибҷамол бо як бепарвоии хоса гуфт:- Шумо Сафаров Нозирҷон Ҷамолович ба Сафаров Бунёдҷон Нозирҷонович ва Сафаров Дилшодҷон Нозирҷонович ягон намуд хешовандӣ надоред…. Боз Ин ду нафар танҳо аз тарафи модар бо ҳам хешанду падаронашон бошад ашхоси гуногунанд… Сари Нозирҷон аз шунидани ин даҳшат гирд гашту ӯ мисли як латтакӯҳна ба рӯйи фарш афтид. Духтурзан бо азобе ӯро ба худ овард… Он бегоҳ ӯ хеле дер ба хонааш омад, зеро то нимаҳои шаб даруни мошин назди ҳамон маркази тиббӣ карахт менишаст. Гумон мекард, ки дунё ба ҳоли ӯ мегиряд ё механдад…. Гулбоғ худро оростаю пероста рӯйи кати хонаи хоб телевизор медид, Нозирҷон телевизорро хомӯш карда оромона аз вай пурсид:-Ту ягон бор ба ман хиёнат кардаӣ? Ранги Гулбоғ канд, вале зуд тори макрашро ба кор андохта хударо ба даст гирифта бо ханда посух дод, ки шухӣ накун… Пас падари фарзандонат киҳоянд? Ҳой мардак ҳушат дар ҷояш, ё шароб нӯшидаӣ?! Ин даъфа бо овози хашмолуд фарёд зад Гулбоғ. Беҳуда нагуфтаанд, ки забони дӯзду ғар дароз аст пичиррос зад Нозирҷон ва аз ҷевон корди калони калонеро, ки як рафиқи қафқозияш ҳадя карда буд бароварда онро ба гулӯи Гулбоғ монда гуфт:-Иқрор шав фоҳиша…. Гулбоғ аз тарси ҷон тамоми саргузаштҳои ошиқияшро ба Нозирҷон нақл кард ва бо илтиҷо гуфт:-Маро накуш, накуш… Не, ман дар хуни ту фоҳиша дастамро ҳаром намекунам гуфт Нозирҷон ва бо тарзи қонунӣ аз Гулбоғ ҷудо шуд. Нозирҷон мардона хонаву дар ва мошини дар деҳа будаашонро бахшид ва барои вай чиптаи ҳавопаймо харида ӯро ба ватан гусел кард…. Гулбоғ ба ноҳия омада ба падару модараш дурӯғ гуфт, ки Нозирҷон ба ба духтари хуҷаини маҳрумаш хонадор шуду қариб буд бачаҳоямро кашида гирад, ман ба зур аз чанголи ӯ гурехта халос шудам… Аммо дуздию ғарӣ пушти саргини хар гуфтагӣ барин хабари тарпочагии Гулбоғу ҳаромӣ будани писаронаш ба деҳа ҳам расид…

                                 Наҷотбахш

Пас аз гусели Гулбоғ Нозирҷони намозхон ба май дода шуду қариб се моҳ аз хона набаромад, тиҷораташ рӯ ба касодӣ овард, танҳо Машаву шавҳараш дар ин рӯзҳои сангин дастгиру мададгораш буданд… Рӯзе Людаю Светлана бедарак шудани Нозирҷонро дида ба хонааш омаданд ва аз мусибати ба сараш омада огаҳ шуданд. Танҳо бо шарофату дастгирии ин ду зани меҳрубон Нозирҷон боз ба по хест, ба по хест, лекни дилаш аз ҷинси зан монда буд. Ӯ ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки Гулбоғ чаро ба ӯ хиёнат кард?! Охир ӯ аз як духтараки қишлоқии чиркину камбағал як хонуми бою бадавлату шаҳрӣ сохт, тамоми хостаашро муҳайё мекард, ба волидонаш ёрӣ мерасонд, пас ба ӯ чӣ намерасид?! Нозирҷон ду сол бо ҳамингуна гумонҳои сардаргум гашт, то он рӯзе, ки Светлана ба ҷойи кораш омада ба ӯ изҳори ишқ кард:-Нозирҷон, бояд ман ба ту бигӯям, ки аз рӯзҳои аввали туро диданам дӯстат медоштам. Ҳамон тӯҳмати кардаам низ замина дошт, медонӣ чаро?! Мани ҷоҳил дар ғазаб мешудам, ки чаро як тоҷик камбағалу ғариб ин қадар ғурур дораду маро дӯст намедорад? Пеши поям афтида зориям намекунад?! Акнун, ки ману ту ҳар ду ҷабри қисмат кашидаем, оё вақти он нарасидааст, ки як ҷо бошем?! Нозирҷон, ки дигар барояш фарқе надошт, ки рӯзаш чӣ гуна мегузарад розӣ шуд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД