arzon november
Уқоби тиллоӣ чӯҷа баровард, вале...
539

Дар боғи ҳайвоноти шаҳри Маскав чӯҷаи уқоби тиллоӣ аз тухм баромад, ки ин ҳодисаи беназир муҳсуб меёбад. Ин парранда ба Китоби сурхи Россия ворид карда шудааст, зеро зоти уқобҳои тиллоӣ қариб ба нестӣ расидаанд.

Тавре ки “РИА НОВОСТИ” менависад, ҳоло дар сар т сари Русия ҳамагӣ 500 ҷуфт уқоби тиллоӣ дар шароити табиӣ зиндагӣ мекунанд. Дар боғи ҳайвоноти Маскав шаш уқоби тиллоӣ мавҷуд буда, панҷтояшон паррандаҳои болиғ ва яки дигар чӯҷаи ба наздикӣ аз тухм баромада мебшад.

Навзод ҳанӯз хеле хурд буда, ҳанӯз аз лона берун намебарояд, вале меҳмонони оғи ҳайвнот сари чӯҷаро, ки рангаш сафед аст, дида метавонанд

Зоологҳо ва ветеринарҳо ба ҳаёти чӯҷа дахолат накарда, танҳо аз дур рафтори ин паррандаи нодирро мушоҳида мекунанд, зеро дар ин давраи ҳасос ба чӯҷа ва волидонаш фишор овардан мумкин нест. Кормандони боғи ҳайвонот бо тоза кардани кабати поёнӣ ва додани хӯрок ба ин оилаи паррандаҳо махдуд мешавад.

Айни замон маълум нест, ки ҷӯҷаи нав аз тухм баромада нар аст ё мода, охири тобистон, вақте ки чӯҷа семоҳа шуд, мустақилона аз лона баромада ба парвоз оғоз мекунад ва зоологҳо метавонанд ҷинсашро муайян намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД