formula55
ҲУШДОР: БА ДОМИ ФИРЕБГАРОНИ ХУДОНОТАРС НААФТЕД!
2340

Дар саҳифаҳои Фейсбук видеои ҷавоне чарх мезанад, ки бо роҳи қаллобӣ худро корманди мақомоти расмии Тоҷикистон дар Россия муаррифӣ намуда, чандин нафаронро фиреб додааст.

Дар видео гуфта мешавад, ки баъди санҷиши дақиқ ва шикояти шаҳрвандони ҷабрдида муайян гардид , ин ҷавони 28-сола Ҷалолов Беҳрузҷон Камолиддинович ном дошта, аз 13 шаҳрванди ҶумҳурииТоҷикистон ба миқдори аз 25 то 100 ҳазор рубли русӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба онҳо дар наздиктарин рӯзҳо чипта мехарад.

Ҷалолов Беҳрузҷон худ зодаи ноҳияи Панҷ буда, оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад. Ӯ дар айни ҳол муваққатан истиқоматкунандаи вилояти Москва маҳсуб меёбад. Ин ҷавон бо роҳи фиреб дар маҷмӯъ ба миқдори 490 ҳазор рубли русӣ маблағ аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба даст овардааст.

“Мо намедонистем, ки ин бача чандин шаҳрвандиТоҷикистонро фиреб кардааст. Ӯ худро мусулмони асил вонамуд намуда, қасами ду дунёро хурд. Ба мо худро қорибачагӯён муаррифӣ намуд. Намояндаи сафоратам гуфта, худашро шинос кард ба шаҳрвандони Тоҷикистон. Акнун фаҳмидем, ки намоянда нею “мошенник” будааст, шаҳр дод яке аз ҷабрдидаҳо.

Ба ҷавони дигар худашро намояндаи фурӯдгоҳ муаррифӣ намуда, аз ӯ талаб намудааст, то ба корти ӯ ба миқдори 25-ҳазор рубли русӣ маблағ партояд. “Гуфт сумро парто ва рӯзи 16-ум чиптаро ба дастат мерасонам. Пас аз гузарондани 25-ҳазор рубл ба картааш, такроран зангаш задам. Гуфт зангамро интизор шаву ба ҳамин дигар занг ҳам назаду телефонашро ҳам намегирад”,-афзуд ҷабрдидаи дигар.

Маълум гардид, ки ин ҷавон бо сӯйистифода аз унвони қорибача ба боварии ҳамватанонаш даромада, онҳоро ғорат намудааст.
Мутаассифона, қаллобон ва манфиатҷӯёни фиребгар дар ин шабу рӯз бо истифода аз вазъияти бамаломада (паҳншавии COVID-19) ба боварии муҳоҷирони даромада, онҳоро бо ваъдаҳои хом ғорат намуда, маблағҳои захиракардаашонро аз худ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД