Arzon march 2024
Ҳушдор: Хокбориш, сел ва жола меборад
1194

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки рӯзҳои 27 ва 28-уми май дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта, шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад.

 

Тибқи иттилои манбаъ дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хокбориш пешгӯӣ шуда, ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол низ мевазад.

Ҳарорати ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа паст шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи марказ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳавошиносон омадани селҳоро низ пешбинӣ кардаанд.

Рӯзҳои 27-28 майи соли 2022 эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз тариқи қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор убур мекунанд ва дарёҳои Зарафшон, Вахш, Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) вуҷуд дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД