вахдати милли
Ваҳдати миллӣ бақои миллат аст!
27.06.2026
Oila.tj
30

Сомонаи Oila.tj кулли ҳамдиёрони азизро бо яке аз муҳимтарин идҳои кишварамон - Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод мегӯяд!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамасола санаи 27-уми июн таҷлил мегардад. Ин ид дар таърихи давлати навини тоҷикон мақоми хос дорад. Пас аз 8 даври гуфтушунид байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин дар солҳои 1994-1997, ниҳоят санаи 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расида, ба ҷанги барордаркушӣ, ки соли 1992 сар шуда буд, нуқтаи ниҳоӣ гузошта шуд. Ин ҳуҷҷат миллатро аз маҳвшавӣ наҷот дод.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон давраи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 100 ҳазор кас кушта шуда, ҳудуди як миллион нафар ба таври иҷборӣ қаламрави кишварро тарк намуданд ва ба дигар давлатҳо, асосан ба Афғонистон ва Русия гуреза шуда буданд. Аммо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт ва бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ гурезаҳои тоҷик дубора ба Ватан баргардонида шуда, сулҳу салоҳ барқарор гашт ва кишварамон аз нав ободу зебо гардид.

Аз ин рӯ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мо - тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад ва ҳар як инсони соҳибақлу соҳибдил бояд ба қадри сулҳу ваҳдат, ки неъмати бебаҳост, бирасад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муборак, ҳамдиёрони азиз!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД