Arzon march 2024
Вахш: Заминларзаи сахт ва пайдоиши нафт
8299

Дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Вахш дирӯз тақрибан соати 15-и рӯз заминларзаи сахт ба миён омадааст. Бино ба гуфтаи ҳамдеҳаи Салоҳиддин Сатторов, ки зодаи деҳаи мазкур аст, дар натиҷаи ҷунбиши сахти замин, ки аз 3 то 4 баллро ташкил кардааст, дар ҳамин маҳалли аҳолинишин аз таги замини хонаҳои истиқоматӣ нафт баромадааст. Сокинон хисороти бисёри моддӣ дидаанд, аз ҷумла молҳояшон мурдаанд. 

Деҳаро дуди ғализ фаро гирифтааст. Чун нафаскашии мардум дар фазои дудолуд мушкил шудааст, ба хотири ҳифзи саломатии худ аз деҳа куч бастаанд. Сокинон каме ба таҳлука ҳам афтодаанд. Инчунин, таъсири манфии заминҷунбии мазкур дар Колхозобод, Бохтар, Кушониён ва дигар ноҳияҳои атроф ба назар расидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД