sebiston july new
Валиҷон Азизов: Ҳар лаҳзаи зиндагӣ дарс аст!
857

 

Сарояндаи маъруфи попи тоҷик Валиҷон Азизов, ки 2-юми декабри соли равон 40-сола шуд, 20-солагии фаъолияти эҷодиашро дар “Кохи Суруш” якҷо бо мухлисонаш таҷлил кард.

- 20 сол рӯи саҳна ҳастед. Чӣ эҳсосе доред?
- Ҳаяҷони хосе дорам. Воқеан, ин рақам маро ба андеша водор кард. Соли 2002 фаъолияти эҷодиро дар гурӯҳи “Эҳсон” оғоз кардам. Намедонам, ин солҳо чӣ гуна сипарӣ шуданд. Вале, гумон мекунам, 20 ё 30 сол фаъолият кардан муҳим нест. Муҳим он аст, ки аз худ чизе боқӣ гузорӣ.
Мегӯянд:
Дар ин дунё агар чизе набудӣ,
Ба он дунё кирои рафтанат нест.
- Бо гузашти 20 сол мехоҳам ба мухлисон қадамҳои нахустини худро ёдоварӣ кунед. Чӣ сабаб шуд, ки роҳи санъатро интихоб кардед?
- Ман аз кӯдакӣ ба санъат дил баста будам. Аз солҳои 1995-96 дар зодгоҳам, дар ноҳияи Айнӣ ба тӯю маъракаҳо мерафтам ва дар он ҷо сурудхонӣ мекардам. Гумон мекунам, ки меҳри санъатро ба қалби ман Худованд ҷой кардааст. Ҳамин аст, ки ман санъаткор шудам.
- Шумо дар гурӯҳи “Эҳсон” бо Ғолибҷон Юсупов фаъолияти худро оғоз кардед. Ин гурӯҳ дар таърихи санъати мо мондагор гардид. Идеяи таъсиси он чӣ гуна пайдо шуд?
- Ғолибҷон гурӯҳи “Эҳсон”-ро соли 1999 ташкил карда буд. Яъне, қабл аз ман ҳам фаъолият дошт. Вақте ки ман дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекардам, Ғолибҷон аз ман як курс болотар мехонд. Мо ҳамон ҷо шинос шудем. Ҳамин тавр, тасмим гирифтем, ки дуэт хонем ва минбаъд якҷо фаъолият кунем. Аввалин сурудамон “Хола-хола, духтаре” буд, ки мардум онро хуб пазируфтанд. Баъдан “Гул ба даст” ва “Гиря макун”-ро сароидем. Ҳамаи таронаҳое, ки мо дар он вақт иҷро кардем, қобили қабули мардум буданд ва вирди забонҳо шуданд.
- Нахустин консертатонро дар ёд доред?
- Бале. Он дар Маркази ҷавонони шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар толор ҷойи нишаст набуд. Мухлисон дар роҳравҳо рӯйи замин менишастанд. Соли 2004 нахустин консерти мо дар шаҳри Душанбе, дар “Кохи Борбад” баргузор шуд. Хуб дар ёд дорам, ки моҳи декабр барфи зиёд бориду ҳаво сард буд. Ҳаракати нақлиёт дар шаҳр вазнин буд. Мардум пиёда ба консерт омада буданд. Мухлисон чунон зиёд буданд, ки оинаҳои “Кохи Борбад”-ро шикастанд. Ҳоло аз он рӯзҳо аксҳо ҳастанд.
- Дастаҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон зиёд буданд, вале “Эҳсон”-ро мардум то ҳол дӯст медоранд. Сабаби муваффақияти “Эҳсон” чӣ буд?
- Таронаҳо. Бештари таронаҳои мо дар бораи ишқу муҳаббат, дӯстдорӣ ва садоқат буд. Бинобар ин, ба ҷавонон писанд омад. Яъне, ба дили мардум нишаст.
- Тасмими пароканда шудани “Эҳсон” чӣ гуна гирифта шуд?
- Мо бо Ғолибҷон тасмим гирифтем, ки дар алоҳидагӣ кор кунем. Ҳамин тавр, охири соли 2005 мо алоҳида шудем.
- Бовар доштед, ки дар алоҳидагӣ муваффақ мешавед?
- Аллакай ин орзу буд ва барои расидан ба он талош кардам. Худоро шукр, ки ин нияту орзуҳои аз сидқ будаи мо амалӣ гардиданд. Аввалан кӯшиш ва баъд меҳнат буд, ки муваффақ гардидем. “Аввал заҳмат, баъд роҳат” гуфтаанд. Ҳеҷ муваффақият бидуни азоб намешавад.
- Барои муваффақ шудан ва солҳои тӯлонӣ рӯи саҳна будан чӣ лозим аст?
- “Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз” гуфтаанд. Сол аз сол ҷавонҳо бо сабкҳои нав ба саҳна мебароянд ва ман фикр мекунам, ки роҳи муваффақият - ин ҳамқадами замона будан аст. Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки аз замона қафо намонам ва ҳамқадами мухлисон бошам.
- Валиҷон, гумон мекунам, ки ҳозир ситора шудан хеле осон аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ ин имкониятҳоро ба ҳамагон медиҳанд. Вале имрӯзҳо бештар сарояндаҳои кӯчагӣ маъруфият пайдо мекунанд. Сабаб чист?
- Ман ҳамаи ҷавонҳоро танқид намекунам. Зеро ҷавонони соҳибистеъдод кам нестанд. Имрӯз ҷавонон таронаҳои хуб месароянд. Маҳбубият ҳам доранд. Вале ҳастанд онҳое, ки сурудҳои каммаъно, кӯчагӣ ҳам месароянд. Сабаби маъруфият пайдо кардани ин гуна ба ном сарояндаҳо ҷавононе ҳастанд, ки онҳоро гӯш мекунанд. Имрӯз ҷавонон китоб намехонанд, аз ашъори классикон ва шоирони хуби муосир огоҳӣ надоранд, бинобар ин, чунин сурудҳоро гӯш мекунанд. Сарояндаҳо ҳам роҳи осони корро пеш мегиранд ва аз сурудҳои кӯчагӣ мехонанд.

Фируза редактор тсел, [22.12.2022 11:36]
- Сурудҳои шумо зуд маъруф мешаванд ва солҳои дароз садо медиҳанд. Раванди эҷоди шумо чӣ тавр сурат мегирад? Матну мусиқиро чӣ гуна интихоб мекунед?
- Бисёр вақт матнро аз китобҳо интихоб мекунам. Гоҳо аввал оҳангро интихоб карда, баъдан матнро аз шоирон хоҳиш мекунам. Сурудҳои ман бештар аз эҷодиёти Орзу Исоев аст. Оҳангҳоямро бошад, Даврони Аҳмадзод, Тобиш Ҳилолӣ ва бастакорон аз Ӯзбекистону Эрон таҳия мекунанд.
- Клипи охири шумо бо номи “Бо ман бимон” дар шабакаи “Ютуб” дар як моҳ бештар аз як миллион нафар тамошобин пайдо кардааст. Барои ин клип ва дигар клипҳоятон чӣ қадар маблағ сарф мекунед?
- Фикр мекунам, ки ин чиз барои мардум ҷолиб нест. Бинобар ин, гуфтани нархи клипро зарур намедонам. Вале аз ин фурсат истифода бурда, ба нафароне, ки дар таҳияи ин клип саҳм гузоштанд, аз ҷумла ба Меҳроби Мирзо, сенариянавис Сироҷиддин Ғафурӣ, наворбардор Бахтовар ва актёрон Хуршед Саидзод, Парвиз ва Парвинахон, ҳамчунин аз “Суруш-медиа” арзи сипос мекунам. Аз Орзу Исоев барои шеъри хуб ва аз оҳангсоз Шаҳбоз аз кишвари Ӯзбекистон сипосгузорам.
- Қабл аз суҳбат бо шумо омодагӣ гирифтам ва ба шабакаҳои иҷтимоӣ сар задам. Чанд савол аз мухлисонатон пайдо кардам, ки дар шарҳҳо навиштаанд. Аз миёни онҳо 5 савол интихоб кардам, ки агар розӣ бошед, онҳоро ба шумо медиҳам.
- Майлаш...
- Саволи аввал: Ман як ҷавондухтари ятими қишлоқии камбағал ҳастам. Мухлиси ашаддии Валиҷон Азизов мебошам, вале имкони молӣ надорам, ки ӯро ба тӯям даъват кунам. Оё Валиҷон розӣ мешавад, ки дар тӯям бепул омада хизмат кунад?
-Албатта! Бо ман дар иртибот шаванд, рафта хизмат мекунам.
- Умуман, шумо дар тӯйҳо ройгон хизмат кардаед?
- Бале. Ба инсон савоб ҳам лозим аст. Ман чандин бор ройгон дар тӯйҳо хизмат кардаам.
- Замони пандемия барои иштирок дар тӯйҳо тахфиф эълон карда будед...
- Бале. Зеро нафарони зиёд омада хоҳиш мекарданд, ки кор несту пул надоранд. Бинобар ин 50% тахфиф эълон кардам.
- Саволи дигар аз мухлис: Валиҷон Азизов шогирд дорад ва оё маро ба шогирдӣ мегирад?
- Ташаккур барои самимият. Ростӣ, корҳоям зиёд аст ва вақт барои тайёр кардани шогирд надорам. Хуб мешуд, ки аввал он нафар маълумоти мусиқӣ бигирад.
- Мо аз шаҳри Самарқанди бостонӣ. Мухлиси Валиҷон Азизов ҳастем. Оё он кас нақша надоранд, ки дар Самарқанд консерт баргузор кунанд?,- навиштааст як мухлиси самарқандиатон.
- Ин аз онҳое вобаста аст, ки консертро ташкил мекунанд. Бо ман дар тамос шаванд ва агар имкон шавад, консерт баргузор мекунем. Мушкил нест.
- Боре дар Ӯзбекистон консерт баргузор кардаед?
- Бале. Соли 2007. Он солҳо хеле душвор буд ва равуо ба Ӯзбекистон фақат бо раводид имкон дошт.
- Либос, ороиши мӯй ва умуман стили Валиҷонро кӣ месозад?,- навиштааст мухлисатон.
- Худам. Ҳамаашро худам месозам.
- Саволи охирини мухлис: Аз акаи Валиҷон хоҳиш менамоям, ки дар бораи ҳаёти оилавиашон нақл кунанд...
- Шукри Худо, соҳиби оилаи обод ва панҷ фарзанд ҳастам. Духтари калониам дар синфи 10-ум мехонад ва фарзанди хурдиам 2-солаю семоҳа аст. Ягон нафари онҳо ба санъат майл надоранд. Юсуфҷони 2-сола каме ҳаёҳӯй дорад, шояд дар оянда роҳи санъатро интихоб кунад.
- Чаро шуморо дар чорабиниҳои давлатӣ намебинем?
- Ман намедонам. Ин саволро аз масъулин бояд пурсид.
- Валиҷон, чанд рӯз пеш зодрӯз доштед, 40-сола шудед. Ин барои мард синни камолот аст. Валиҷони имрӯз аз бист соли қабл чӣ фарқ дорад?
- Албатта, хеле фарқ дорад. Бо ақлу фаҳмиш. Ҳаёт худаш одамро тарбия мекардааст. Зиндагӣ ҳар лаҳзааш дарс аст, ки одамро сайқал медиҳад. Вақте синну сол ба 40 мерасад, инсон дурандеш мешавад, фикррониаш, нигоҳаш тағйир меёбад.
- Ташаккур барои суҳбат!
- Ташаккур ба шумо барои даъват! Аз фурсат истифода бурда, ба мухлисонам изҳори ташаккур мекунам, ки тайи 20 сол маро ҳамроҳӣ мекунанд. Самимияти онҳоро ҳар лаҳза эҳсос мекунам.

Мусоҳиб:
Одил НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД