Вазъи се шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари зарбаи нерӯҳои Украина ба шаҳри Нижнекамски Русия маҷруҳ шудаанд, муътадил арзёбӣ мешавад.
Ноиби сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Саидҷон Шафизода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки ду шаҳрванди маҷруҳ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрванди сеюми Тоҷикистон низ аз шуъбаи эҳёгарӣ бароварда шуда, вазъи саломатиаш муътадил аст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон низ эҳтимолан ба зудӣ аз беморхона ҷавоб дода мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони осебдидаро таҳти назорат доранд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар натиҷаи ҳамла ба Нижнекамск як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. Масъалаи интиқоли ҷасади ӯ ба Ватан таҳти назорати мақомоти Тоҷикистон қарор дорад.