arzon replenishment
Вазири маориф гӯши мудирони боғчаҳои бачагонаро метобад?
24.11.2023
Mahina
433


Субҳи 23 ноябр вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шинос шудан бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бе огоҳии пешакӣ аз кӯдакистонҳои №76 ва 130-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дидан кард.

Дар рафти боздид аз муассисаи таълимии томактабии №76-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маълум гардид, ки даромаду баромад ба кӯдакистон танзим нагардида, посбон дар ҷойи кор ҳузур надорад.

Бо вуҷуди бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ насб гардидани парчаму овезаҳо дар девору иншоотҳои муассисаи таълимӣ саҳни кӯдакистон ва роҳравҳо тозаву озода нагардида, дар муассиса фазои идона ба чашм намерасид.

Дар ҷойи кор ҳузур надоштани сармураббӣ ва дигар кормандон боиси халалдор гардидани рафти таълим ва бе назорат гузоштани кӯдакон гашта буд.
Зимни боздид аз кӯдакистони №130 маълум гардид, ки мудири кӯдакистон Мармарзода Зарина дар ҷойи кор ҳузур надошта, посбони кӯдакистон бо либосҳои мулкӣ пас аз чанд лаҳза пайдо гашт.

Дар муассисаи томактабии мазкур бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ягон хел шиору овезаҳо насб нагардида, нишонае аз фарорасии Рӯзи Парчами давлатӣ, ки дар ниҳоди кӯдакон ҳисси меҳанпарастиву ватандӯстиро бедор мекунад, дида намешуд.
Бо вуҷуди тозаву озода набудани саҳни кӯдакистон ва роҳравҳо ягон нафар кормандони техникӣ дар ҷойи кор ҳозир набуданд.

Ҳарчанд тибқи Низомномаи намунавии муасссиаҳои таълимии томактабӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2015, №256 тасдиқ шудааст, оғози кор дар кӯдакистонҳо соати 6:30 ва қабули кӯдакон аз соати 7:00 то 8:00 муайян гардида бошад ҳам, дар кӯдакистони №130 то соати 9:00 омаду рафти кормандон ва қабули кӯдакон ба чашм мерасид.

Мутаассифона, дар даромадгоҳи муассисаи мазкур реҷаи қабули кӯдакон насб нагардида, даромаду баромад танзим карда намешуд. Сару либоси кӯдакон низ ба талабот ҷавобгӯ набуда, ҳамшираи тиббӣ ва мураббияҳо дар ҷойи кор ҳузур надоштанд.

Чизи ташвишовари дигар дар ин кӯдакистон набудани таъомнома буд. Таъомномаи хӯроки якрӯза барои рӯзҳои 22-юм ва 23-юми ноябр пешниҳод нагардида, дар ошхона ва дигар утоқҳо фурӯзонакҳо корношоям буданд.
Дар рафти боздид аз кӯдакистонҳои болозикр вазири маориф ва илм изҳори нигаронӣ намуда, роҳ додан ба чунин вазъ дар кӯдакистонҳоро натиҷаи бепарвоию бемасъулиятии масъулин донист.
Вазири маориф ва илм ба масъулин дастур дод, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар кутоҳтарин муддат бартараф намуда, аз натиҷааш ба таври хаттӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома пешниҳод намоянд. Дар ин бора маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД