arzon replenishment
Велосипед хонаи тоҷикеро мотамсарой гардонду...
908


Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як фоҷиа дар роҳ хабар додааст, ки хонаеро мотамсарой гардонида, доғи абадӣ дар дили аҳли ин хонавода ниҳод...

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш субҳи рӯзи 18-уми октябр, тахминан соатҳои 07:50 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Маърупов Абдурозиқ Баширович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар дохили шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идора кардани автомашина набаромада, дучархарон Муъминов Абдуаҳад Маҷидович, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри мазкурро, ки аз тарафи чап ба рости роҳ мегузашт пахш намудааст. Дар натиҷаи ин садама дучархарон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД