Arzon march 2024
Вохӯрӣ бо палонҷ Қисми 1
30.09.2022
ҲИЛОЛА
2247

 

                       Нозанини бебахт

Шаҳло байни шаш духтари нозанини муаллими Сафар аз ҳама зебояшон буд, қомати баланд, пеши бари баланд, пӯсти сафеди ширгун, мӯйҳои сиёҳу дарози марғула ба ҳуснаш таровати дигар зам мекарданд. Духтарони муаллими Сафар, ки дар зебоӣ ҳамто надоштанд, танҳо баъд аз хатм намудани мактаби олӣ ва ба даст гирифтани диплом шавҳар мекарданд. Азбаски тарбияи модари порсояшон Аноргул ва падари соҳибмаърифаташон Сафарро гирифта буданд, хостгорони зиёде доштанд. Онҳо ҳамагӣ як бародар доштанд, ки барвақт соҳиби зану фарзанд буд, духтаронро бошад, муаллим ба майлашон нигоҳ карда, шавҳар медод. Панҷ духтар чун кафтаракон порисаи падариро тарк карданду навбат ба Шаҳлои соҳибҷамол расид. Шаҳло хатмкардаи Донишкадаи тиббӣ буд ва харидоронаш аз тораҳои мӯйи дарозаш зиёдтар, вале падар ӯро ба писари ҳамсоя Назирҷон дод. Зеро Назирҷон шогирди беҳтаринаш буду дар мактаб ҳамроҳаш омӯзгорӣ мекард. Муаллими Сафар Назирҷонро аз фарзандони худаш кам намедонисту бо падараш Қурбоналӣ ҷӯраҳои ҷонӣ буданд. Мардуми кӯча Шаҳлоро дар бари Назири харобу дарози камгап, ҳатто тасаввур намекарданд ва байни ҳам пичир-пичир мекарданд, ки Шаҳло ҳайф шуд.

Пас аз тӯй маълум гашт, ки Назирҷони таърифӣ ғайри камгапу дарундор буданаш, боз бадрашки гузаро будаасту зани нозанинашро зуд-зуд зери мушту лагат мегирифт. Бечора Шаҳло сирри хонаашро ҳеҷ гоҳ ба берун намебаровард, аммо вақти ҳомиладорияш шавҳараш ӯро зери мушту лагат гирифта, фарзандашро дар батни модараш кушт ва Шаҳло дигар ба хонаи шавҳар барнагашт. Тавбаҳои Назир на ба гӯши Шаҳло даромаданду на ба гӯши муаллими Сафар, ҷавонзани бебахт худро пурра ба кор бахшид…

                               Бахти дуюм

Шаҳло мутахассиси ҷавон бошад ҳам, беморони зиёде наздаш омада, табобат мегирифтанд. Шаҳзода ном ҷавонзан ва ҳамсари сарватманди ӯ баъди даҳ соли бефарзандӣ аз доруву дармон ва табобати Шаҳло соҳиби фарзанд шуданду ӯро хоҳари худ хонданд. Бародари Неъмат-ҳамсари Шаҳзода барои бефарзандӣ аз ҳамсараш ҷудо шуда буду чанде бо як зани рус зиндагӣ карда, аз ӯ низ ҷудо мешавад. Бо миёнаравии Шаҳзодаю Неъмат, Шаҳлову Ҳикмат ба ҳам шинос шуданд. Ҳикмат дар як корхонаи бузург муҳосиб буд ва аз як нигоҳ соҳиби табиби нозанин шуда, ба хонаи онҳо хостгорӣ рафт. Ӯ он қадар шефтаи ҳусни зебо, одобу маърифати Шаҳло гашта буд, ки ӯро мисли духтарон дар тарабхона тӯй карда, ба ҳавлии барҳавояш овард. Шаҳлои ташнаи бахту саодат он қадар кӯшиши хушбахт намудани шавҳарро мекард, ки ба зиндагии онҳо ҳаваси сад кас меомад. Ҳикмат низ ҳамсари нозанинашро дӯст медошту ҳурмату эҳтиром менамуд. Худованд ба ин ҷуфти дар ҳасрати фарзанд пайи ҳам як духтару як писар ҳадя намуд. Ҳикмат танҳо бо маош зиндагӣ мекард, аз ин рӯ, Шаҳлои фидоии кору зиндагӣ тифлаконашро хеле хурд ба хонаи бачаҳо монду ба кор баромад. Ӯ кӯшиш мекард, ки баробари шавҳараш аробаи зиндагиро кашад, ҳатто бисёртар аз ӯ маош мегирифт. Шаҳло бехабар буд, ки маоши шавҳарро напурсидану мисли мард бори зиндагиро кашидан, баъзе мардонро эрка мекунаду болои сарат мебароянд ва ҳамин хел ҳам шуд.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД