Arzon march 2024
Вохӯрии Рамшед бо мурдахӯр (ҚИСМИ 1)
18.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1034

 

Даҳшат

… Ҳамсояҳо, давед! Зудтар ба ин ҷо биёед! Бинед, касе мурдаҳоро аз гӯр баровардааст. Ҳама ҷо пур аз устухони одамӣ,- фиғони кампири Ашўрбӣ мардумро ба таҳлука овард. Ҳамдеҳагон ҷонҳавл сӯйи қабристон медавиданд. Ман низ қатори дигарон ба сӯйи водии хомӯшон тохта, раҳораҳ аз ҳамсояи девордармиёнамон акаи Юсуф, ки ба калонсолиаш нигоҳ накарда, қариб нафасгир шуда баробари мо медавид, пурсидам:

- Худаш чӣ гап? Мурдаҳоро кӣ аз гӯр баровардааст?

Акаи Юсуф ба маънои «намедонам» китф дарҳам кашид.

Аз шиддати давидан нафасҳоямон дар гулӯямон печида, ниҳоят ба қабристон расидем. Дар ҳақиқат ҳама ҷо пур аз устухони дасту пой ва дандонҳои шикаставу рехтаи одамӣ буд. Аҳли деҳа бо дидани ин манзара ба даҳшат афтоданд.

«Бозёфт»-и кампири подабон

- Бачаҳо дар Русия, мӯйсафедам бемор хоб аст, аз ҳамин хотир вақтҳои охир худам молҳоро ба саҳро мебарам. Саҳар говҳоро ба чарогоҳ мебурдам, ки ногоҳ назарам ба алафи сабзи баландшудаи теппаи дар паҳлуи гӯристон буда афтод. Хурсанд шуда, говҳоямро ба ҳамин тараф ҳай кардам. Дар бозгашт ба арвоҳи гузаштагон фотиҳа хонданӣ шуда, ҷониби дарвозаи қабристон равон шудам. Ногоҳ ба чизе пешпо хӯрда, қариб афтода будам. Бинам, косахонаи сари одамӣ. Ба атроф назар карда дидам, ки ҳама ҷо пур-пури устухони одамизод, аз тарс дилам қариб аз хонааш баромада буд,- бо рангу рӯйи кандагӣ қисса кард зани бобои Ҳамдам, кампири Ашўрбӣ.

Изи пойи мурдадузд

Мо, мардҳо устухонпораҳоро бо эҳтиёт аз пайроҳаи мазор ҷамъ кардем. Мурдахӯр бераҳмона якбора чанд қабрро кофта буд, бинобар ин, муайян кардан душвор буд, ки кадоме аз ин устухонҳо ба кадом майит тааллуқ доранд. Маслиҳат кардем, ки гӯри нав кофта, ҳама устухонҳои ёфтаамонро алоҳида дар ҳамон қабр зери хок мекунем. Домулло баъди гӯронидани устухонҳо ба ҳақи рӯҳу арвоҳи тамоми хуфтагони водии хомӯшон аз Қуръони карим сураю дуову фотиҳа хонд, ҳама даст ба рӯй кашида, омин гуфтем.

Дар бозгашт баногоҳ назарам ба пайи пойи аҷибе афтод, ки дар болои гӯри акаи Саид, ки ду рӯз пеш ба хок супурда будем, нақш баста буд. Ба из ишора намуда, гуфтам:

- Домулло, ин пайи пойи чӣ бошад?

- Пайи мурдахӯри лаънатӣ, дигар чӣ ҳам мешуд?!,- даст афшонд домуллоимоми масҷидамон ва оҳи сард кашид.

- Мурдахӯраш чист?,- кунҷковӣ кардам ман, вале домулло ба ин саволам ҷавоб надода, танҳо даст афшонду халос.

РАМШЕД

P.S. Ин ҳодиса дар яке аз деҳаҳои дурдасти кишварамон ба амал омада, барои ба иззати нафси қаҳрамонҳои асосӣ нарасидан, номҳояшон иваз карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД