Як фолбинро дар Душанбе 6-ҳазор сомонӣ ҷарима карданд
07.01.2026
Махина
107

Як фолбинро дар Душанбе

6-ҳазор сомонӣ ҷарима карданд

Дар шаҳри Душанбе мардро барои ба фолбинӣ машғул шудан боздошт намуданд.

Маҳмадсодиқӣ Ширинови 58-сола, сокини шаҳри Душанбе буда, дар ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир шудааст. Бино бар иттилоъи манбаъ, номбурда дар манзили истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул карда, бо фолбинӣ ва дигар амалҳои хурофотӣ машғул мешудааст ва аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст меовардааст. Нисбати Маҳмадсодиқ Ширинов бо моддаи 482-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба маблағи 6-ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД