goodwell
Як марди 60-сола раги гарданашро бо корд буридааст
226

Дар вилояти Суғд ҳодисаи нохуш рӯй дода, Баҳодур Абдуазизов, сокини 60-солаи кӯчаи Дусматови ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов шаби 24-уми май даст ба худкушӣ задааст.

Тавре расонаҳо навиштаанд, ҳодиса ҳудуди соатҳои 2:00-и шаби 23 ба 24-уми май рӯй дода, ин марди 60-сола дар саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш бо корди хоҷагӣ раги гарданашро буридааст. Марҳум падари 4 фарзанд буда, се писар ва як духтар доштааст, вале сабаби бо чунин усули ваҳшатбор худкушӣ карданаш маълум нест. Додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғд далели худкушии ин марди 60-соларо тасдиқ намуда бошанд ҳам, ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ҷасадаи Баҳодур Абдуазизовро рӯзи 25-уми май дар зодгоҳаш ба хок супурдаанд. Таҳқиқоти ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД