sebiston july new
Яке аз калонтарин мағозаи Хуҷанд сӯхт
340

 

Шаби гузашта тақрибан соати 23:50 маркази савдо ва хизматрасонии "Амид", ки дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд қарор дорад, оташ гирифт. 

Супермаркетҳои "Амид" дар шаҳри Хуҷанд яке аз калонтарин ва  машҳуртарин мағозаҳо ба шумор рафта, ҶДММ "Амид" 5 мағоза дар шаҳри Хуҷанд дорад.

Сабабҳои сӯхтор ҳоло маълум нест.

 

Ёдовар мешавем, ки маркази савдои мазкур 10 феврали соли 2022 дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд.

Марказ дар заминаи иншооте, ки беш аз 15 сол фаъолият намекарду вайрону валангор буд, таъсис дода шуд. Он дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, сехи истеҳсоли ҳасиббарорӣ, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, нонвойхона, нуқтаи ҳозиразамони фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокҳои тезтайёр, қаҳвахона ва дорухона мавҷуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД