Arzon march 2024
Яхмолакбозӣ мотам овард
23.01.2023
Оила
779

 

Дар Вилояти Хатлон яхмолакбозӣ ба сари се хонавода фалокати бузурге оварда, волидонро ба ғами ҷигарсӯзи фарзанд мубтало гардонд.

Ҳодиса дар Мӯминобод рӯй дода, бар асари он се кӯдаки хурдсол ҷони худро аз даст додаанд...

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳад, дар натиҷаи як фоҷиа дар вилояти Хатлон якбора се кӯдак зери оби яхбаста монда, ба ҳалокат расидаанд. Фалокат шоми 21январ дар деҳаи Ғаробдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муминобод рӯй дода, се писарчаи хурдсол, ки ду нафарашон 5 сола ва сеюмӣ 4-сола будааст, вақти яхмолакбозӣ дар болои обанбори деҳа ба зери ях фӯру рафта, аз шиддати хунукӣ ҷон ба ҷонофарин супурдаанд. 

Ба гуфти шоҳидони ҳодиса ях ба вазни кӯдакон тоб наоварда шикастааст ва 4 нафар кӯдакон, ки дар болои он яхмолакбозӣ доштанд, ба зери об фурӯ рафтаанд. Сокинони маҳаллӣ ҷисми бе ҷони ин писарчаҳои ормониро аз об берун кашида, барои ташхис ба мақомот супурдаанд. 

Аз ин чоргона танҳо як писараки 7-сола зинда мондааст. Худойдоди Бахтиёр айни ҳол дар шифохона зери назорати табибон қарор дорад. Ёдрас мешавем, ки ду-се рӯз пештар дар ноҳияи Ҳисор айнан чунин ҳодиса рӯй дода, ҳангоми гузаштан аз дарёи яхбаста кӯдакон ба об афтиданд ва хоҳари 15-солаашон Амина барои наҷот додани онҳо худро ба дарёи Хонақоҳ афканда, ба хотири бародаронаш ҷонашро аз даст дод. Ҷисми бе ҷони Аминаи нозанинро ду-се соат пас ҳамагӣ 30 мерт поёнтар аз ҷойи ҳоиса пайдо карда, ба хок супурданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба хотири пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои нохуш бори дигар волидонро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳои сарди зимистон кӯдакони худро бе назарат нагузоранд ва барои барфбозию яхмолакбозӣ дар ҷойҳои хавфнок иҷозат надиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД