Дар шашмоҳаи аввали соли 2026 бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 40644 нафар шахсони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.
Тавре Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни баромади хеш зикр намуд, аз ин теъдод 1120 нафар дар нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” бо кор таъмин гаштаанд.
Вазорат бо мақсади бо кор таъмин намудани аҳолӣ ярмаркаҳои ҷойҳои кории холиро баргузор менамояд ва тавассути ин ярмаркаҳо 5265 нафар ҷойи кор пайдо кардаанд. 4825 нафари дагар тариқи квотаҳо соҳиби ҷойи кор гашта, 1256 нафар бо дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок барои фаъолияти соҳибкории хурд бо шуғл фаро гирифта шудаанд.