Commerc banl
Ярмаркаи маҳсулоти арзон ба ифтихори Наврӯз ва Иди Рамазон
11.03.2026
Оила
49

Ярмаркаи маҳсулоти арзон ба

ифтихори Наврӯз ва Иди Рамазон

Аз 14 то 20-уми март дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва Иди саиди Фитр ярмаркаҳои маҳсулоти арзони хӯрокворӣ ташкил карда мешаванд.

Тавре ки шаҳрдорӣ хабар додааст, ҳадаф аз баргузории ярмаркаҳо ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал аст. Ярмаркаҳо дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино, бозорҳои Меҳргону Саховат ва боғи Куруши Кабир кушода мешаванд.

Сокинони пойтахт ва навоҳии гирду атроф аз ин ярмаркаҳо гӯшт, орд, равған, биринҷ, тухм ва ширро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар харидорӣ карда метавонанд. Аз ҷумла нархи гӯшти гов дар ярмарка 65-75 сомонӣ, гӯшти мурғ 27 сомонӣ, равғани растании 5 литра 75-80 сомонӣ, шакар 8-10 сомонӣ, картошка 4, 5 сомонӣ, шир 6 сомонӣ, биринҷ 11-15 сомонӣ ва пиёзу сабзӣ аз 1, 5то 2 сомонӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД