Arzon march 2024
Юлдуз Усмонова аз кормандони милитсия расман узр пурсид
1948

 

Овозхони шинохтаи ӯзбек, ҳоҷибибӣ Юлдуз Усмонова ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз кулли кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон узрхоҳӣ кардааст.

Ӯ бо нашри як навор дар шабакаи Инстаграмаш барои гуноҳе, ки чанд рӯз қабл содир карда буд, аз тамоми мардуми Ӯзбекистон ва кормандони милитсия пӯзиш хостааст. “Зиёд хашмгин будам ва бисёр чизҳои нолозим гуфтам. Аз ҳамаи шумо хоҳиш мекунам, ки дар ин моҳи муқаддас маро бубахшед. Дар ин рӯзҳои муборак аз ман хафа нашавед. Ман аз ҳамаи низомиён, ки ба манфиати мо кор мекунанд, узрхоҳӣ мекунам. Аз оилаҳои онҳо низ. Иқрор мешавам, ки хато аз ҷониби ман буд. Дар ин рӯзҳои душвор мо бояд сарҷамъ ва муттаҳид бошем”,-мегӯяд, овозхон дар наворе, ки нашр кардааст. Ин узрхоҳии овозхон дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл ӯ бо нашри як навори дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқро дашном дода буд. Асли воқеа чунин аст. Юлдуз Усмонова чанд рӯз қабл хост, ки ба осебдидагони вилояти Сирдарёи кишвараш кӯмак ирсол намояд, вале кормандони милитсия ба ин амали овозхон монеа эҷод карда, ӯро ба хашм оварданд. Ҳоҷибибӣ дар сари қаҳру ғазаб аз кори кормандони ҳифзи ҳуқуқ интиқод кард ва онҳоро дашном дод. Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ба овозхон ҳушдор дод, ки ин амалаш хуб нест. Ҳамин тавр, Усмонова аз ҳама узрхоҳӣ кард ва масъала пӯшида шуд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД