Тибқи гузориши нави ЮНИСЕФ фарбеҳӣ солҳои охир ба мушкили ҷиддии кӯдакон дар ҷаҳон табдил ёфта, бори нахуст аз камвазнӣ боло рафтааст. Аз соли 2000 то 2022 шумораи кӯдакони камвазн аз 13 фоиз то 9,2 фоиз коҳиш ёфта, дар ҳамин давра фарбеҳӣ баръакс аз 3 фоиз то 9,4% афзудааст.
Айни замон дар тамоми сайёраи Замин зиёда аз 188 миллион кӯдакони мактабхон бо таъсири ғизои бадсифат бо мушкили фарбеҳӣ рӯ ба рӯ гаштаанд. Фарбеҳӣ дар ҳама минтақаҳо, ба истиснои Африқои ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бартарӣ дорад.
Тавре ЮНИСЕФ қайд мекунад, 75% наврасон дар ҷаҳон дар ҳафтаи охир таблиғи нӯшокиҳои қанднок ё фасфудро дидаанд ва 60% иқрор шудаанд, ки ин хоҳиши онҳоро барои харидани чунин нӯшокиҳо зиёд кардааст.
Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки фарбеҳӣ дар кӯдакон хатари гирифторшавӣ ба диабети навъи 2, гипертония ва бемориҳои дилу рагҳоро дар оянда афзоиш медиҳад.