Боиси хушнудист, ки заҳматҳои ду қаламкаши тоҷик дар ҷодаи эҷод аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар қадрдонӣ гашта, Юнус Юсуфӣ ба унвони “Нависандаи халқии Тоҷикистон” ва Латофат Кенҷаева ба унвони “Шоири халқии Тоҷикистон” сазовор гаштанд.
Юнус Юсуфӣ 15-уми марти соли 1955 дар деҳаи Моғиёни Панҷакенти бостонӣ ба дунё омада, фаъолияти адабиашро аз рӯзномаи ноҳиявии “Зарафшон” оғоз намудааст. Аз соли 2000 инҷониб узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Асарҳои маъруфаш романи «Оташафрӯз» дар мавзӯи ҷанги миёни артиши шуравӣ ва чирикиҳои афғонӣ ва «Шинак» мебошанд, ки дар он адиб ҷабру ситами бегонагон бар миллати мо ва аз роҳи маданияту фарҳанг посух гуфтани тоҷиконро ба онҳо баён месозад.
Латофат Кенҷаева соли 1950 дар ноҳияи Ғончӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти худро аз Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон шуруъ намуда, аз соли 1981 ба ҳайси сардабир дар маҷаллаи ҷавонону наврасон «Истиқбол» кор кардааст. Соли 1996 дар назди маҷалла Ташкилоти кӯдакони соҳибистеъдоди ҷумҳуриро бо номи «Истиқбол» таъсис дод, ки он соли 2008 номи ТҶБ (Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ)-ро гирифт.
Латофат Кенҷаева ҳанӯз аз давраҳои мактабӣ машқи шеър мекард ва шеърҳои бачагона менавишт. Шеър, тарона ва ҳикояҳояш дар беш аз 25 китоб ба табъ расидаанд.
«Лолаарӯсак», «Марҷони ранга», «Шарораи хотираҳо», «Сандуқчаи марворид», «Рози шабнам», «Мусича ва Дурдона», «Оҳи гусаста», «Нома ба бародар», «Наҷотбахши дунё кист?», Хилвати гесӯ», «Фариштае ба нури орзу» намунае чанд аз чакидаҳои хомаи ин бонуи қаламкаш мебошанд.