Sebiston new 2024 october
Задани Худо
2314

Модарам ҳангоми тавлиди ман сари фарзанд рафта, ин даҳри пуршӯру пуршарро тарк кардаву бори тарбияи мани навзоду апаам, ки ҳамагӣ се сол доштааст, бар дӯши бибию бобои падариям афтодаанд. Ману апаам бибию бобоямро падару модар ва падарамро бо моиндарам акаю янга мегуфтем.

Моиндарам барои мо як додар ҳадя намуданду зани хеле порсою меҳрубоне буданд, ҳарчанд бибиям намегузоштанд, ки ба пойи мо хоре халад, вале моиндарам ҳам дар тарбияи мо саҳми беандозае доштанд. Ёд дорам ӯ мӯйҳои дарози ману апаамро бо ҳавас шӯста, майдабофӣ мекарду дуо мекард, ки Худованд духтараконамро бахти сафед деҳ.

Бибию моинадарамон ба мо тамоми ҳунарҳои занонаро меомӯзонданд, ҳамин буд, ки духтарони боҳунару гулдаст ба воя расидему харидорони зиёде низ доштем. Байни хостгорони апаам пайвандонам ҷавонеро интихоб намуданд, ки аз падар хеле хурд ятим монда буд. Модари ин ҷавон дар синни бистудусолагӣ бева монда, ба хотири арвоҳи шавҳари ҷавонмаргаш дигар ёди шавҳар намекунаду тифлаконашро ба воя мерасонад.

Домодшаванда ронандаи мошини боркаш буд, азбаски онҳо дар қишлоқи ҳамсоя зиндагӣ мекарданд, падарам баъди пурсуҷӯйҳои зиёд ин ҷавонро маъқул карданду тӯйи апаам баргузор гашт. Бибиям пеш аз он ки апаамро ба хонаи бахташ гусел кунад, ба гӯши ӯ панду насиҳатҳои зиёде хонда гуфт:

- Духтарам, ман то тавонистам кӯшиш кардам то туву хоҳарат бемодарии худро эҳсос накунед. Шавҳаре, ки мо барои ту интихоб намудаем, мисли шумо аз хурдӣ аз меҳри падар бенасиб мондааст, ман мехоҳам Худо ба шумо ду сағираҳак бахту давлат ато намояд. Аммо як чизро фаромӯш накун, ҳамеша ақлатро кор фармо, то туро духтари беочаи бетарбия нагӯянд!, - гуфт ӯ ва апаам хомӯш ба суханҳои бибиям гӯш андохт, вале…

Ғуломи зан

Шавҳари апаам ҷавони қоматбаланди зебо бошад ҳам, зуд мутеи занаш гашт. Ӯ ба садои апаам лаббай мегуфт, апаам аз ин истифода карда, ӯро зин зада, савор шуд. Баъзан ба хонааш барои хабаргирӣ рафта, ба ҷойи ӯ шарм медоштаму хеста, ба хоҳаршӯйҳояш ёрӣ мерасондам. Хушдомани апаам дар мактаб дар ду баст фаррош шуда, кор мекарду шавҳари ронандааш субҳ аз хона баромада, бегоҳ бармегашт.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ШАВҲАРАМ 3-ТАЛОҚ ДОДАНАШРО ИНКОР МЕКУНАД, ВАЛЕ...

Хоҳаршӯю додаршӯйи калонияш кори саҳро мерафтанд, хоҳаршӯйи кенҷааш бошад, тамоми кори рӯзгорро саришта менамуд. Руфтану шустушӯ, хӯрокпазию нигоҳубини чорво бар зиммаи ӯ буд. Хоҳаршӯи калонияш бошад, саҳар хамир шӯрида мерафту нимаи рӯз омада, онро мебаст.

Апаам вазифаашро дар об зада рӯфтани ҳавлӣ ва хонаи худаш медонист, албатта ин ҳама бетаъсир намонданду байни пайвандони шавҳарашу апаам ихтилоф ба миён омад. Медидам, ки язнаам пинҳонӣ аз аҳли хонадонашон барои апаам ширинию хӯрданиҳои лазиз меорад ва онҳо нимаҳои шаб чой дам карда, баҳузур чойнӯшӣ мекунанд.

Дар ин миён ба ман низ хостгорон омаданду апаам ба тӯйи ман омада, дигар ба хонааш барнагашт. Ман ба писари ҳамсояамон расида будаму хушдоманам бо суханҳои таҳдор ҳамеша ба ман мефаҳмонд, ки нони хонаи шавҳарро хӯрдан осон нест.

Язнаам чанд бор барои бурдани занаш омада бошад ҳам, апаам нарафт, насиҳатҳои бибию бобоям таъсир надоштанд, ман ғайричашмдошти ҳама пушти хонаводаи шавҳари апаамро гирифтаму айби язанаву апаамро ба бобову бибиям гуфтам…

Оҳи хушдоман

Як рӯз модаркалонам бемор шуданду аз хушдоманам иҷозат пурсида, ба хабаргирияшон рафтам, пас аз чанд лаҳзаи рафтани ман хушдомани апаам низ бо дастовези зиёде омаданд. Апаам наздашон набаромаданд, вале ин зани мардсифат аз бибию бобоям хоҳиш кардан то духтарашонро низ ҷеғ зананд.

Апаам омада, бо нӯги панҷаҳояш бо хушдоманаш салом карду сари дастархон амонат нишаст, хушдоманаш дар ҳолате, ки ашк гулӯгираш мекард, аз вай пурсид:

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД