formula
Зафар Абдуалимов барандаи ТВ-Баҳористон шуд?(ВИДЕО)
4980

 

Баъди тамошои барномаи «Парвин» аз телевизиони кудакону наврасон Баҳористон ба ҳайрат омадам, зеро ровии барнома сарояндаи машҳӯр Зафар Абдуалимов буд.

Дӯстонам гуфтанд, ки Зафар дигар сарояндагӣ намекунад, вай расман дар телевизион ба кор даромадаасту минбаъд танҳо ровигӣ хоҳад кард. Барои то чӣ дараҷа ҳақиқат доштани ин гапро фаҳмидан ман ба зафар Абдуалимов занг задам.

-Салом Зафарҷон! Шумо чӣ ҳол доред?

-Ташаккур, хубам.

-Маро шинохтед?

-Бале Шабнамҷон. Ягон мушкил буд, ки занг задед ё тӯй доред?

-Тӯй надорам, вале рафтори шумо маро ба ҳайрат овардааст. Овозхонӣ дар хунам аст мегуфтед, вале якбора касбатонро иваз намуда, ровӣ шудед...

арояндагиро бас накардаам, ровигии барномаи «Парвин»-ро бо хоҳиши дӯстам Умедҷон, ки корманди шабакаи Баҳористон аст, қабул кардам.

-Вақтҳои охир камнамо шудаед. Дар куҷо ба чӣ кору бор машғулед?

-Ман айни ҳол шогирдонамро барои иштирок дар озмуни байналмилалии «Во весь голось» омода карда истодаам.Чор нафар шогирдонам бояд 21- уми сентябр ба шаҳри Москва барои иштирок дар ин озмуни байналмиллалӣ сафар кунанд.

-Шумо ҳам онҳоро ҳамроҳӣ мекунед?

-Албатта! Мо ҳарсол ба ин озмун рафта, ғолиб шуда бармегардем.


Ҳар рӯз як чиз гум мешуд, вале ман аз хушдоманам инро пинҳон медоштам. Метарсидам, ки моро тӯҳмат мекунӣ гуфта, ғавғо мебардоранд.

 


-Беҳтарин! Дуо мекунем, ки шогирдонатон дар ин озмун муваффақ гарданд.

-Ташаккур Шабнамбону! Муваффақияти шогирдонам натанҳо обрӯи ман, балки обрӯи тамоми тоҷикон хоҳад гашт.

-Вақтатонро аз ин бештар нагирам. Ташаккур, ки ба серкориатон нигоҳ накарда бо мо ин қадар сӯҳбати ширину гуворо кардед.

alt

-Саломат бошед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД