Салом! Мехостам дар як масъалаи муҳим назари уламои исломро бидонам. Оё закоти молро ба модар ва хоҳари ризоъӣ (ширхӯра) диҳӣ, қабул мешавад?
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бале, ба модар ва хоҳари ризоъӣ (яъне ширхора) закот дода мешавад, агар онҳо аз мустаҳиққони закот бошанд, зеро нафақа кардан ба модар ва хоҳари ризоъӣ воҷиб намебошад. Ба онҳо закот дода мешавад, ба шарте ки мустаҳиқ будани онҳо собит шавад.