1xbet
Замони серию пурӣ гуфта, фарзанди бисёр таваллуд накунед, вагарна...
153

Қисми зиёди мардуми тоҷик ҷонибдори онанд, ки ҳама серфарзанд бошанд, аммо ман зидди чунин андеша ҳастам.

Албатта замонаи мо серию пурӣ аст ва касе аз гуруснагӣ намемурад, вале ин маънои онро надорад, ки мардум “замони серӣ” гуфта, мисли гурба пай дар пай бачаю духтар таваллуд кардан гиранд. Ман аз он хотир зидди ба дунё овардани фарзанди зиёд ҳастам, ки ин ба саломатии модарон зарар мерасонад, сониян, серию пуррӣ бошад ҳам, магар мо метавонем ҳама хостаҳои фарзандони худро бароварда созем? Абатта наметавонем! Магар аврупоиҳо ақл надоранд, ки бо он маоши баланде, ки мегиранд ва зиндагиашон аз мо чанд маротиба беҳтар аст, фарзанди зиёд ба дунё намеоранд? Онҳо хеле боақланд ва намехоҳанд, ки як ё ду фарзандашон аз ягон чиз камбудӣ дошта бошад. Ғайр аз ин, андешаи онҳо ба гумони ман, сари он аст, аз ташвиши фарзанд дида, худашон зиндагии шоиста дошта бошанд, беҳтар аст.

Ман ҳам чунин фикр дорам, ки аввал худам бошам ва баъд агар шароите пайдо шуд, пас фарзанд таваллуд мекунам. Намехоҳам мисли гурба бача дар даҳон барои вай ҷои хоб кобам...

Гулнора ФАЙЗИЕВА, 19-сола, корманди алоқа

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД