Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд як зани 35-соларо бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки ин зан аз як марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр барои нашр ва паҳн накардани аксу наворҳои маҳрамонааш дар интернет 30 ҳазор доллар талаб кардааст.
Ба қавли мақомот, боздоштшуда моҳи декабри соли 2025 бо мақсади тамаъҷӯйӣ расму наворҳои урёни марди 45-соларо, ки ҳангоми муносибати маҳрамонаашон гирифтааст, тариқи “Вотсап” ба ӯ равон карда, таҳдид намудааст, ки агар мард ба вай 30 ҳазор доллар надиҳад, ин расму наворҳоро дар интернет паҳн мекунад. Ҳамин тавр, зан бо роҳи таҳдид 30 ҳазор доллари марди ҷабрдидаро гирифтааст.
Нисбати ин зан барои тамаъҷӯӣ бо қисми 4-и моддаи 250-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад. Ёдрас мешавем, ки ин банди қонун аз 5 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.