Arzon march 2024
Зан дар қатора таваллуд кард
1170


Дар Фаронса як зани ҳомила дар қатори баландсуръат тавваллуд кардааст. Барои таваллуди ӯ қатора 80 дақиқа ҳаракаташро мавқуф гузошт. Гуфта мешавад, ки қатораи баландсуръат ба ширкати Deutsche Bahn тааллуқ дошта аз Париж ба Страсбург ҳаракат мекард, ки зани ҳомиларо дард гирифт. Дар ин бора сомонаи Кун.уз дар истинод ба манбааш иттилоъ додааст.

Пас аз он ки зан як корманди хадамоти мусофирбарро аз дард доштанаш огоҳ мекунад, қатора маҷбур мешавад дар истгоҳи шаҳри Лувен дар шарқи Фаронса истад. Дар ин ҷо кормандони тиб ба қатора савор шуда, кӯдак бо кӯмаки онҳо ба дунё омадааст.

"Ба хотири тавлиди тифл ҳаракати поезд бештар аз 80 дақиқа боздошта шудааст.
Ин зан дар қатора писар таваллуд кардааст. Баъди ин модару кӯдакро ба беморхонаи наздиктарин бурдаанд".

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, кӯдаки дар қатора таваллуд шударо Феликс ном ниҳодаанд. Тифл каме бармаҳал, яъне норасид таваллуд шудааст.
Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии модар ва кӯдак хуб аст. Тибқи анъанае, ки дар хадамоти нақлиёти ҷамъиятии Фаронса дорад, ба кӯдаконе, ки дар роҳ таваллуд шудаанд, тӯҳфаҳо дода мешаванд.

Соли 2018 ба кӯдаке, ки дар метрои экспресси Париж таваллуд шуда буд, чиптае тақдим карда шуд, ки ҳуқуқи ҳаракати озод дар хат то ба синни балоғат расиданро медиҳад. The Republica Lorrain навиштааст, ки ҷомеа мунтазири аст, ки оё оператори Deutsche Bahn чунин чипта медиҳад ё не.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД