Arzon march 2024
Зан ва муҳоҷират: Ҳарчи мехоҳӣ, бипурс!
1161

 

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани занони тоҷик яке аз мавзӯҳои доғи ҷомеа маҳсуб меёбад.Аксари муҳоҷирзанони тоҷик модарони танҳо буда, ба хотири хариди манзил, таъмини фарзандони ноболиғашон ва ҳалли дигар мушкилоти рӯзгор аз ночорӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардаанд.

Ба хотири роҳнамоии занони муҳоҷир сомонаи Оила. ТЧ рӯзи 28-сентябр аз соати 18.30 то 20.00 бо иштироки коршиносони соҳаи муҳоҷират дар мавзуи “Зан ва муҳоҷират ”Гуфтугӯйи мустақим” баргузор мекунад.

Шумо зани муҳоҷир ҳастед ва мушкилоти зиёд дореду роҳи ҳаллашонро намедонед?

Дар кишвари бегона намедонед, ки фарзандонатонро чӣ гуна ба боғча ва мактаб гузоред?

Қонунҳои муҳоҷирати намедонед ва сарсону саргардон ҳастед? Пас ҳатман саволҳои худро дар коментария навишта аз коршиносон ҷавоби дақиқи бигиред. Барномаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо савдои одамон” баргузор гашта, дар рафти барнома метавонед саволҳои худро тариқи телефони зерин +992-92-743-10-08 пешниҳод намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД