Dostoni ishqi man
Занашро лату кӯб карду 12-шабонарӯз ҳабс шуд !
1800

Миралӣ ҳамеша ҳамсашро зери лату кӯб қарор медод ва ӯро дашномҳои қабеҳ карда, озори ҷинсӣ мерасонид. Ин зани хушунатдида ба хотири зиндагию фарзандонаш хомӯш буд. Вале ин дафъа косаи сабраш лабрез гашту ба мақомот муроҷиат намуд.

Миралӣ Ҳусайнови 51 соларо барои ба таври ҳамешагӣ мавриди озор қарор додани ҳамсараш дастир намуданд.

Тавре Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, номбурда ба нӯшидани машруботи спиртӣ майл дошта, ҳамеша ҳамсари худро зери борони дашному ҳақорат ва озори ҷинсӣ қарор медодааст. Номбурдаро барои чунин кирдорҳояш 17-декабри соли 2021, 7 шабонарӯз мабҳ карда бошанд ҳам, вале ин муҳлати ҷазо ӯро ислоҳ накарда, баъди ба озодӣ баромаданаш амалу рафтори ношоями худро тағйир надода, боз такроран ҳамсари худро мавриди озору дашномҳои қабеҳ қарор додааст ва дар назди дигар шаҳрвандон шаъну шарафи ӯро паст задаст.

Тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба муҳлати 12-шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД