Адел Уилямс муддати чанд сол аст, ки дар Канада бо сартарошӣ машғул аст. Маҳз дар ҳамин кишвар бонуи сартарош мӯйҳои тарошидаи мизоҷонашро ба қолинчаҳо мубаддал месозад.
Қолинчаҳои мазкурро барои аз нефт тоза кардани об истифода мебаранд. Чанде қабл Адел ба ватанаш баргашта, фаҳмид, ки дар Бритониёи Кабир чунин таҷриба ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, дарҳол аз пайи қолинбофӣ шуд. Нафарони зиёде баъди қайчӣ задани кокулонашон мӯйҳои худро ба Абел мефиристонанд.
Дар давоми ду сол Адел наздики 100 қолинча бофтааст, ки аллакай барои тоза кардани об ба кор бурда мешаванд.