goodwell
Зане, ки ба шӯр омад...
29.06.2026
Oila.tj
76

Дар таърихи театри тоҷик осоре ҳастанд, ки бо вуҷуди гузашти солҳо аҳамияти иҷтимоӣ ва бадеии худро аз даст намедиҳанд. Мазҳакаи «Гар зан ба шӯр ояд...» аз ҷумлаи ҳамин гуна асарҳои драматурги маъруфи тоҷик Султон Сафар мебошад. Асаре, ки ҳанӯз дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта таълиф шуда бошад ҳам, масъалаи меҳварии он — муносибат ба зан, мақому манзалати ӯ дар оила ва ҷомеа, то имрӯз мубрам боқӣ мондааст. Бесабаб нест, ки ин асар бори сеюм дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рӯи саҳна омада, ҳар дафъа хонанда ва бинандаи худро пайдо кардааст.

Таҳияи нави намоиш ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоватан Миров тааллуқ дорад. Коргардоне, ки дар фаъолияти чандинсолаи худ борҳо исбот кардааст, ки метавонад ба матни классикии драматургӣ нигоҳ ва тафсири тоза бахшад. Дар ин намоиш низ ӯ танҳо ба бозсозии як мазҳакаи маъруф қонеъ нашуда, кӯшидааст паҳлуҳои иҷтимоӣ ва равонии асарро амиқтар ошкор созад.

Дар назари аввал сюжети асар хеле сода менамояд. Шайх Гавҳарӣ ба ҳамсари худ Ҳалима бовар надорад, ба ӯ бо чашми шубҳа менигарад ва зиндагии занро ба маҳдудият табдил медиҳад. Аз ҳамин бадгумонӣ як силсила ҳодисаҳои хандаовар сар мезананд, ки дар маркази онҳо ҳамсоя — Маъруфи кӯҳнадӯз қарор мегирад. Аммо маҳз дар паси ҳамин содагӣ масъалаҳои ҷиддии ахлоқӣ ва иҷтимоӣ пинҳонанд. Султон Сафар ба воситаи жанри мазҳака як бемории маънавии ҷомеаро нишон медиҳад: таассуб, худкомагӣ ва поймол шудани ҳуқуқи зан дар муҳити суннатӣ.

Бартарии асосии таҳияи Мирзоватан Миров дар он аст, ки вай ин мазҳакаи мардумиро ба сатҳи як намоиши иҷтимоӣ бардоштааст. Коргардон аз ханда барои ханда истифода намекунад. Ҳар вазъияти ҳаҷвӣ дар намоиш дорои зерматн аст ва бинандаро водор мекунад, ки дар бораи муносибатҳои хонаводагӣ, эҳтироми инсон ва масъулияти ахлоқии ҳар як узви ҷомеа андеша кунад. Агар дар оғоз ҳаводиси саҳна ба як моҷарои оддии оилавӣ монанд бошанд, тадриҷан дарк мекунем, ки сухан танҳо дар бораи як оила намеравад. Ҳалима дар ин ҷо рамзи занест, ки солҳои зиёд таҳти фишори таассуб зиндагӣ кардааст ва акнун мехоҳад ҳаққи худро барои зиндагии шоиста ҳимоя намояд.

Яке аз муваффақиятҳои намоиш интихоби ҳайати иҷрокунандагон мебошад. Нақши Ҳалимаро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳпайкар Ёрова иҷро кардааст. Ин образ меҳвари тамоми ҳодисаҳои саҳна аст ва маҳз аз сатҳи иҷрои он муваффақияти умумии намоиш вобаста мебошад. Ҳалимаи Моҳпайкар Ёрова аз қолаби маъмулии зани мазлум берун меояд. Ӯ ҳамзамон нармтабиат ва устувор, меҳрубон ва ҷасур, пуртоқат ва эътирозгар аст. Ҳунарпеша тавонистааст таҳаввули ботинии қаҳрамонро хеле дақиқ нишон диҳад. Дар оғоз мо занеро мебинем, ки аз бадгумонии шавҳараш ранҷ мекашад, вале тадриҷан ҳамин зан ба нерӯи фаъол ва ташаббускори ҳалли низоъ табдил меёбад.

Моҳпайкар Ёрова дар сохтани образ аз василаҳои гуногуни ҳунари актёрӣ — нутқи саҳнавӣ, ҳаракат, имову ишора ва таваққуфҳои маънодор моҳирона истифода мебарад. Бахусус дар саҳнаҳое, ки Ҳалима тасмим мегирад шавҳарашро дарси ибрат диҳад, қувваи ботинӣ ва иродаи қаҳрамон бо тамоми ҷузъиёташ намоён мешавад. Ин иҷро нишон медиҳад, ки актриса образро на танҳо аз ҷиҳати зоҳирӣ, балки аз даруни табиати равонии он дарк кардааст.

Дар нақши Шайх Гавҳарӣ Далер Мирхонов ҳузури ҷолиби саҳнавӣ дорад. Қаҳрамони ӯ танҳо як марди рашкӣ нест. Ҳунарпеша кӯшиш кардааст нишон диҳад, ки чӣ гуна инсон метавонад қурбонии ҷаҳолат ва бадгумонии худ гардад. Маҳз ҳамин хусусият образро аз карикатура ба симои зиндаи саҳнавӣ табдил медиҳад. Дар бисёр саҳнаҳо Мирхонов ритми мазҳакавии намоишро нигоҳ дошта, бо истифода аз воситаҳои экспрессияи саҳнавӣ ҳолатҳои хандаоварро ба вуҷуд меорад. Бо вуҷуди ин, дар баъзе лаҳзаҳо ҳанӯз ҳам эҳсос мешавад, ки образ ба такмили минбаъда ниёз дорад. Баъзе гузаришҳои равонӣ метавонанд дақиқтар ва мантиқитар бошанд.

Фаридун Раҷабов дар нақши Маъруфи кӯҳнадӯз яке аз сарчашмаҳои асосии мазҳакавии намоиш мебошад. Вай нақшро бо табиият ва озодии саҳнавӣ иҷро мекунад. Образи ӯ миёни ду қаҳрамони дигар тавозуни драматургиро нигоҳ дошта, ҳамзамон пешбарандаи муҳими амал мебошад. Раҷабов тавонистааст хислати мардумии қаҳрамонро ҳифз кунад ва аз муболиғаи зиёдатӣ парҳез намояд.

Аз нуқтаи назари коргардонӣ ҷолиб он аст, ки Мирзоватан Миров кӯшидааст намоишро дар чорчӯби як мазҳакаи маишӣ маҳдуд насозад. Ӯ ба матни асар унсурҳои драмаи равонӣ ворид кардааст. Дар натиҷа бинанда на танҳо механдад, балки ҳамдардӣ мекунад, нороҳат мешавад ва дар бораи сабабҳои рафтори қаҳрамонҳо андеша меронад. Ин омезиши жанрӣ ба намоиш умқи иловагӣ бахшидааст.

Бо вуҷуди ин, намоиш аз баъзе камбудиҳо орӣ нест. Дар қисме аз саҳнаҳо такрори баъзе қолабҳои бозигарӣ ба назар мерасад. Баъзан вазъиятҳои мазҳакавӣ аз ҳад зиёд тӯл кашида, шиддати драмавии ҳодисаҳоро коҳиш медиҳанд. Ҳамчунин дар баъзе мавридҳо ритми саҳнавӣ нобаробар мегардад ва таъсири умумии амалро каме суст мекунад. Аммо ин нуқсонҳо бештар хусусияти техникӣ доранд ва бо идомаи намоишҳо, бешубҳа, бартараф хоҳанд шуд.

Муҳимтар аз ҳама, намоиш тавонистааст паёми асосии драматургро ба бинандаи имрӯз расонад. «Гар зан ба шӯр ояд...» танҳо қиссаи як зани ранҷдида нест. Ин асар дар бораи шаъну шарафи инсон, дар бораи эҳтироми мутақобилаи зану мард ва дар бораи он аст, ки муҳаббат бе боварӣ вуҷуд дошта наметавонад. Султон Сафар ин ҳақиқатро солҳо пеш гуфта буд ва Мирзоватан Миров имрӯз онро бо забони саҳна дубора ба тамошобин ёдрас мекунад.

Дар маҷмуъ, таҳияи нави «Гар зан ба шӯр ояд...» аз рӯйдодҳои ҷолиби мавсими театрии имсола ба шумор меравад. Намоиш собит мекунад, ки драматургияи миллӣ ҳанӯз ҳам қобилияти гуфтугӯ бо ҷомеаи имрӯзаро дорад ва масъалаҳое, ки даҳсолаҳо пеш матраҳ шуда буданд, то ҳол посухи комили худро наёфтаанд. Маҳз ҳамин хусусияти фарозамонӣ арзиши воқеии асар ва таҳияи нави онро муайян мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД