arzon replenishment
Зане, ки духтарони тоҷикро ба туркҳо мефурӯхт ба чанг афтид
2159


Зани тоҷик отифа ва тимсоли покиву назокату шарму ҳаёст, вале мутаассифона дар байни бонувони мо занҳои худобехабаре ҳастанд, ки ба хотири пули ҳаром натанҳо ҳаёти худ, балки ҳаёти дигар занону духтаронро низ сӯхта, бо рафтору амалҳои аҳриманиашон ба номи зан-модар иснод меоранд.

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти Гуландом ном далла хабар додааст, ки бо фиребу найранг занону духтарони ҷавонро ба хориҷи кишвар фиристода, баъдан ба танфурӯшӣ маҷбур мекардааст.
Гадоева Гуландом Абулазизовна, соли тавалудаш 1994 ,сокини деҳаи Чиртаки ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода буда, бино ба иттилои тафтишот аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Туркия Юсуф бо лақаби Ота, бо роҳи фиреб ба боварии духтарони ҷавон даромада, онҳоро бо ваъдаҳои дурӯғ, ки дар Туркия барояшон кори сердаромад меёбад, ба ин кишвар фиристода, баъдан чун ғуломи шаҳвонӣ истифода мебурдааст.
Гадоева аз моҳи январи соли 2021 то моҳи январи соли 2022 се маротиба аз ҳисоби худаш чиптаи ҳавопаймо харида, бо хатсайри Душанбе -Истанбул духтарони ҷавонро ба Туркия фиристодааст. Духтарони фиребхӯрдаро дар Туркия шарики Гуландом-Юсуф “Ота” пешвоз гирифта, ба шаҳри Ялова, ки аз Истанбул қариб 90 километр дур аст, бурда, баъдан пули қарзи худаш ва Гуландомро талаб намуда, бо ҳамин усул онҳоро ба танфурушӣ маҷбур мекардааст.
Тибқи иттилоъи ВКД Гадоева иқрор шудааст, ки барои ҳар як духтари равон кардааш 5-6 ҳазор доллар маблағ ба даст меовардааст.
Айни замон тафтишот идома дошта, дар сурати исбот шудани гуноҳаш ба Гуландом Гадоева аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД