Commerce bank may-june 2026
Зане, ки риш ва мӯйлабаш аз мардон даҳ баробар дарозтар аст
12.07.2026
Oila.tj
31

Сокини иёлати Мичиган бо номи Эрин ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун зане шомил шуд, ки дарозтарин мӯйлабро дар ҷаҳон дорад. Дарозии мӯйлаби ӯ ба 30 сантиметр мерасад. Пеш аз ин, соли 2023 Эртин ҳамчун зани дорои дарозтарин риш низ рекорд гузошта буд.

Эрин мегӯяд, ки барои нигоҳубини ришу мӯйлабаш аз воситаҳои зиёд истифода намекунад. Ӯ онҳоро шона карда, барои нарм шудан каме кондитсионер ва барои нигоҳ доштани шаклашон миқдори ками мум мемолад.

Афзоиши ғайриодии мӯй дар рӯйи Эрин натиҷаи бемории синдроми тухмдони поликистозӣ мебошад. Ин беморӣ боиси тағйироти гормонӣ шуда, афзоиши зиёди мӯйро ба вуҷуд меорад. Мӯйҳои рӯйи ӯ аз синни 13-солагӣ зиёд шудан гирифтанд ва муддати дароз маҷбур буд ҳар рӯз чанд маротиба онҳоро тарошад. Ниҳоят ӯ тасмим гирифт худро ҳамон гуна, ки ҳаст, қабул кунад. Имрӯз Эрин бо ҳамин хусусияти нодираш ба яке аз рекорддорони ҷаҳон табдил ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД