arzon replenishment
Занги бегона
1802

 

Дар ин замона қариб нафаре нест, ки гӯшии мобилӣ надошта бошад. Хурду калон, пиру ҷавон доранд ва аҷибаш ин, ки ҳатто кӯдакони хурдсол баробари калонсолон ва гоҳо беҳтар аз онҳо ҳам сарфаҳм мераванд.

Як рӯз ба гӯшии мобилиам аз рақами ношиносе занг омад. Телефонро бардоштам, ки аз он тараф садои ширину гӯшнавози кӯдакона бо оҳанги илтиҷо, бо умед ва маҳзунона ба гӯшам расид.

- Дада, ман шуморо ёд кардам, хеле ҳам сахт ёд кардам, тезтар баргардед-чӣ? Дада!

Аввал хандаам омад, беихтиёр табассум кардам ва гуфтам:

- Духтарҷон, иштибоҳ кардӣ, ба фикрам рақамро хато чидаӣ,-гӯшаки телефонро хомӯш кардаму пеши назарам писари чорсолаам омад.

Ин духтарча ҳам яке аз он миллионҳо нафари муштоқи дидори падар аст гуфта, аз дил гузаронидам. Аммо ғайричашмдошт боз ҳам аз ҳамон рақам занг шуд.

Рӯзи дигар ҳам аз ҳамон рақам, боз ҳам ҳамон духтари кӯчаку садои маҳзуну оҳанги илтиҷоомез падар мепурсид. Ҳар бор:

- Дада, кай меоед? Шуморо сахт ёд кардам!, - боз ва боз ҳамон тарзу ҳамон суханҳо садо медоданд.

Гоҳҳо рақамро дидан замон зангро хомӯш мекардам ва гоҳо чандин маротиб занг занад, намебардоштам. Аммо, боре раҳмам омад, дилам сӯхт ба ҳолаш, ба ҳар ҳол кӯдак аст гуфтаму маҷбур шудам, ки каме дилбардорӣ кунам.

- Дада, ман шуморо ёд кардам! Ҷонам дард мекунад, дада. Медонед, ки чӣ қадар пазмон шудаам! Модарам мегӯяд, ки ин рақами нави шумо аст. Ман рақаматонро хато начидаам. Модарам гуфт, ки дадаат барои пул кор кардан рафтааст. Падар, ман медонам, ки шумо барои хӯрондани мо бисёр меҳнат мекардед. Агар барои дидани ман омада натавонед, ҳадди аққал бо телефон гап занед! Аз рухсораҳоям, чашму гӯшҳоям бӯсед!

- Меҳрам ҷӯш зада рафт. Беихтиёр аз чашму рӯйи духтарча ғойибона бӯсидам ва эркадориаш кардам.

- Духтарҷони дадаш, эркачаи дадаш,- гуфта мондам.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ПАДАР БАРОИ “ПРИНЦИП” ҲАЁТИ ДУХТАРАШРО СӮХТАНИСТ

- Раҳмат! Дадаҷон! Бисёр ҳам хурсандам! Бисёр ҳам хуш шудам! -канда-канда ибораҳои садои ширини кӯдакона омаду алоқа канда шуд.

Ягон соат гузашт ё нагузашт, ки аз ҳамон рақам боз ҳам занг заданд. Ин дафъа садои ширинаки духтари кӯчак набуд, балки модараш занг мезад.

- Мебахшед, ҷаноб. Аз дирӯз боз шуморо нороҳат кардем. Барои ҳамин маъзарат мепурсам. Кӯдаки ман муддати дарозе бемор буд. Ӯ аз саратони хун азият мекашид. Падари ӯ чанде пеш дар садамаи нақлиётӣ даргузашт. Ҷуръат накардам, ки ба кӯдаки бемор ин хабари шумро расонам, чунки аз ҳама инсони наздику дӯстдоштааш падараш буд. Падараш ӯро хеле ҳам дӯст медошт, ширин-ширин эркадорӣ мекард, Ҳангоми аз дард ранҷ бурданаш дилбардораш буд. Баъди вафоти падар кӯдак дар азоб монд. Билохира бар ранҷу зораҳои духтарам тоб наоварда, дар телефонам рақамҳои таваккал чидаму ин рақами нави падарат аст гуфтам. Аммо ман фикр накарда будам, ки ин дурӯғи ман метавонад боиси нороҳатии нафаре бошад,-аз он тараф бо дили пур зор-зор гиристани зан маълум буд.

Ҳамин чанд ҷумларо базӯр, бо душворӣ талаффуз карданаш ҳам аён буд.

- Феълан, аҳволи духтаратон ҳоло хуб аст?- гуфта пурсидам.

Зан кӯшиш кард, ки андаке аламҳои дилашро фурӯ барад ва аз гиря худдорӣ кунад ва каме хомӯш монд. Баъди сукут гуфт:

- Ӯ ҳам рафт, маро танҳо гузошта, назди падараш рафт. Шумо ӯро эркадорӣ кардеду ӯ гӯё садои падарашро шунида бошад, хотираш ҷамъ шуду дар ҳоле, ки гӯшии телефонро сахт дар оғӯш дошт, дар лабони кӯчакаш пур-пур табассум, амонаташро супорид.

Зан хомӯш шуд. Шояд телефонашро ҳам хомӯш кард. Дили ман ҳам шикаставу абгор шуда буд, ки ҳарфе барои гуфтану таскинаш надоштам...

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Бе ном 2023-07-27, 09:23
😭😭
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Бе ном 2023-07-27, 09:23
😭😭
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД