sebiston july new
"Зани рус лату кӯбам кард, аммо шавҳарамро овардам"
2076
"Зани рус лату кӯбам кард, аммо шавҳарамро овардам"

 

Азизмоҳ Маҳмадиева, ягона соҳибкорзани сертаҷриба ва калонсолест, ки зиёда аз 30 соли умри худро баҳри бунёд кардани боғу парвариши дарахтони мевадиҳанда сарф кардааст. Ӯ Хоҷагии деҳқонии “Ширин”-ро соли 2005 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъсис додааст.

Мурабия, бригадир ва баъдан соҳибкор шудан барои холаи Азизмоҳ шуғли ҳамешагӣ гашт. Аз соли 1990 то 2005 ҳамчун бригадир 120 коргарзан дошту зиндагии онҳо низ аз ин ҳисоб пеш мерафт.

Ҳарчанд собиқаи кории Холаи Азизмоҳ дар самти кишоварзӣ зиёд бошад ҳам, вале дар бораи коркарди меваҳои ватанӣ маълумоти кофӣ надошт. Аз ин сабаб бештари онҳо пӯсидаю корношоям мешуданд. Вақте ба онҳо коркарди меваҳоро омӯхтанд, дигар соҳибкорон аз гӯшаю канори кишвар барои харидорӣ ба суроғашон омаданд. Аз ин лиҳоз даромадашон бештар гашт.

Пештар шавҳару фарзандонаш мисли дигар ҷавонмардони тоҷик ҳар сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд ва чунин шуд, ки якбора ҳам писар ва ҳам шавҳараш дар Русия зани рус гирифта, аҳли хонаводаи худро худро дар Тоҷикистон қариб, ки фаромӯш карданд. Ин зани мубориз ба ҷустуҷӯйи шавҳару фарзандонаш ба Русия рафт. Холаи Азизмоҳ барои баргардондани шавҳар ва писарони муҳоҷираш дар кишвари рус аз ҷониби палонқ ва келини русаш латукӯб шуда бошад ҳам, тавонист онҳоро ба Тоҷикистон оварда ба кори доими ҷалб кунад.

Ин оилаи заҳматкаш имрӯз зиндагии худро аз ҳисоби даромадашон, ки аз боғ ҷамоварӣ мекунанд, пеш мебаранд. Холаи Азизимоҳ мегӯяд, ҳанӯз меваҳо норасида, ҳар сол соҳибкорон бо онҳо шартномаи доду гирифт мебанданд.

Парвариши дарахтонро холаи Азизммоҳ аз тарбияи фарзандон мушкилтар меҳисобад ва то мегӯяд, то самар додани ниҳолакон заҳмати сангин кардан лозим аст. Камсамар шудани дарахтон аз боридани барф дар вақти гули дарахтон вобастагии зиёд дошта, таъсири манфӣ мерасонад. Айни ҳол онҳо 9 навъи зардолуро дар боғашон парвариш мекунанд ва бар замми ин дар боғашон дарахтони олу, себ, шафтолу, бодом чормағз, пахта ва дигар намудҳои дарахтони мевадиҳанда қомат афрохтаанд.  

Холаи Азизмоҳ ҳаёти худро бе боғу дарахтон тасаввур карда наметавонад, агар рӯзе натавонад аз боғ дидан намояд, як-як дар бораи ҳолати дарахтану боғаш аз наберагону фарзандонаш мепурсад. Сарҷамъ будани аҳли байташон, аз ҷумла наберагону фарзандон барои холаи Азизмоҳ давлати бузругест.

Азизмоҳ Маҳмадиева зиёда аз 30 сол аст, ки дар кори хоҷагӣ обу тоб ёфтаасту онро як роҳи нигоҳ доштани саломатии инсонҳо мешуморад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД