Подоши муҳаббат
Давоми ду моҳи дар Канада будани Ҳобил Зумайро ва фарзандонаш умуман телефонашонро намебардоштанд, ба ҳамин хотир нахостам бародарам танҳо ба хонааш равад. Мехостам фаҳмам, ки чӣ гап аст?
Дарвозаи нақшини ҳавлиро ба рӯйи мо зани бегонае кушод, чун аз ӯ Зумайроро пурсидам, гуфт, ин хонаро ду моҳ пеш шавҳарам харидааст, Зумайро-пумайроро намедонам…
Ҳобили бечора намедонист чӣ кор кунад, бо як азоби зор ба воситаи бародаронаш Зумайроро пайдо кардем. Ӯ дар бинои навсохти бисёрошёнае зиндагӣ мекардааст, ин зани бераҳму ҷоҳил бо як сардӣ ба рӯйи ман нигариста, гуфт:
- Меҳрдод, ман ҳама дороиямонро фурӯхта, барои худам ва духтаронам хонаҳои алоҳида харидам, агар инро ба Ҳобил мегуфтам, розӣ намешуд, аз ин хотир дар набудани ӯ ин корро кардам.
Ман чизе нагуфта бародарамро вориди хонааш кардаму чанд рӯзи дигар дар Тоҷикистон монда, баъд ба Канада баргаштам.
Тайи чанд рӯз бо шиносҳоям тадқиқот бурда, фаҳмидам, ки ҳама хонаву дар ва тиҷорати бародарам бо номи занаш будааст, дидам ин зан ақди никоҳашро бо бародарам бекор кардааст ва аз тақдири ӯ дар ҳарос будам…
Пеш аз сафарам дастовези зиёде харида, барои хайрухуш бо Ҳобил ба хонааш даромадам. Зумайро бо як дугонааш дар ошхона чой мехӯрданду Ҳобил бошад, дар хоначаи аз ҳама хурдтарини ин хонаи барҳавои панҷҳуҷрадор рӯйи кӯрпачаяке рӯ ба девор мехобид. Наздаш як шишаи обу пиёла меистод. Дилам аз гардиши қисмат ва хории бародари ҳамешахандону сухандонам доғ барин сӯхт…
- Ҳобилҷон, ман омадам, ки хайрухуш кунам,- гуфтаму даст ба китфаш бурдам.
- Илоҳӣ роҳат сафеду иқболат баланд бошад,- пичиррос зад ӯ ва дастамро аз китфаш гирифта, ба лабонаш бурд.
Ман дигар худамро дошта натавониста, ӯро ба оғӯш гирифта, зор-зор гиристам…
Мо хайрухуш кардем…
Зумайро як ду бор “Меҳрдод, як пиёла чой намехӯрӣ?” гуфту халос. Барои ӯ гӯё Ҳобил вуҷуд надошт. Ҳатто намепурсид, ки духтур чӣ гуфту чӣ табобат фармуд…
Оҷизу бехонумон…
Ман қариб ҳар рӯз занг зада, бо Ҳобил гуфтугӯ мекардам. Як рӯз ӯ гуфт, ки бо Зумайро ба хабаргирии хешу табор ба Афғонистон меравем. Зумайро мегӯяд, ки бояд як бор хоки волидонатро зиёрат намуда, бародару хоҳаратро дида биёӣ… Ҳамин қадар мегӯям, ки ман ба хотири ту шуда аз ҳамаи онҳо рӯй гардонидам, акнун чӣ фоида, занаки якрав пояшро дар як мӯза тиқонида, аз фикраш баргаштанӣ нест…
Давоми қиссаро ба ман модари пирам нақл кард…
Зулайхо Ҳобилро гӯё барои хабаргирӣ ба Афғонистон мебараду рӯзи дигар пинҳонӣ аз ҳама худаш ба Тоҷикистон баргашта, ба бародари ман занг зада мегӯяд, ки ман товони нигоҳубини хешатонро надораму ӯро дигар ба Тоҷикистон наоред… Додарам ба ғазаб омада, мегӯяд, ки наход аз ҳамон қадар давлату сарват ба бародари мо чизе нарасад? Зумайро посух медиҳад, ки на танҳо бародари ту, худи ман ҳам ҳеҷ чиз надорам, ҳама хонаву дар ба номи бародаронам аст…
Чашмони Ҳобил аз хӯрдани зарбаи навбатии тақдир тамоман кӯр мешаванд…
Инак, ду сол боз бародари ман оҷизу бехонумон дар хонаи додараш зиндагӣ мекунад. Додараш низ дар бозори Кобул як дорухона дораду аз ҳамин ҳисоб зиндагияшро пеш мебарад, мо хешу табори дар гӯшаҳои гуногуни дунё кору фаъолият мекарда ҳар моҳ кам ҳам бошад, барояш пул мефиристем…
Ман бо навиштани ин нома ҳаргиз занони тоҷикро паст заданӣ нестам, зеро мо низ тоҷикем. Фақат аз бераҳмии Зумайро дилам хун аст, охир Ҳобил ба хотири ӯ аз падару модар ва хешу табораш гузашт. Шабу рӯз кор карду барои ӯ ҳамаи шароитро фароҳам овард, гул барин ду духтар низ доранд, пас чаро? Чарову чароҳои зиёд сарамро ба хонаи занбӯр табдил додаанд…
МЕҲРДОД,
Таснифи Нисо ХОЛИД