Шоира Нарзуллоева, ҷавонзани 26 солаи тоҷик, ки бо машшотагӣ машғул будааст, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Русия дар робита бо марги блогери 38 солаи рус Юлия Буртсева боздошт шудааст. Кумитаи тафтишоти Русия Назуллоеваро дар анҷом додани амалиёти зебоӣ, ки боиси марги блогнависи рус гаштааст, гумонбар медонад.
Ба иттилоъи расонаҳои русӣ, ҳодиса рӯзи 4-уми январ дар клиникаи хусусии “Elmas”-и шаҳри Маскав рӯй дода, вазъи саломатии блогери рус пас аз анҷоми амалиёт якбора бад шудааст. Юлия Буртсеваро ба яке аз шифохонаҳои шаҳри Маскав интиқол додаанд, аммо табибон натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот бахшанд.
Айни замон Кумитаи тафтишотии Русия дар робита бо ин ҳодиса нисбати Шоира Назуллоева бо иттиҳоми “Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва иҷрои нодурусти вазифаи касбӣ” парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, худи раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин тафтишоти парвандаро зери назорат гирифтааст.
Дар сурати исбот шудани айби нисбаташ эълоншуда ба Шоира Назуллоева то се соли зиндон таҳдид мекунад.