sebiston july new
Зани якуми шавҳарам ба хонаамон хостгорӣ омаду...
15.04.2023
ОИЛА
1987


Саломи худро ба кулли хонандагону ҳаводорони “Оила” мерасонам. Дар бораи оиладоршавӣ ва зиндагии худам бароятон нақл кардан мехоҳам.

Қиссаи оиладоршавии ман хеле шавқовар аст. Синну соли ман аз 30 гузаштаву шавҳар накарда будам. Рӯзе ба ман зане хостгорӣ омада, гуфт, ки ба бемории сахт гирифтор аст вамехоҳад ба зиндагиаш шавҳарашро зан диҳад, то ки кӯдакаш баъди сари ӯ бе модар азобнакашанд. Бо меҳр ба рӯям нигоҳ карда, гуфт, ки ҳис мекунам синну солат ба 29 расида бошадҳам, духтари покдомон ва ботарбияӣ ва бо касе ишқварзӣ накрадаӣ. Падару модарат ҳам одамони хубанд...

Хуллас, он зан бо суханони ширин волидонамро розӣ кунонд, ки маро ба сифати зани дуюм ба шавҳари ӯ диҳанд.

Баъди маърака кардан, маро ба хонаи иҷораи шавҳарам оварданд. Ҳамагӣ як моҳ он ҷо истодаму баъдан ба хонаи калону серкӯдакаш омадем.

Ростӣ, рӯзҳои аввал аз зани якуми шавҳарам метарсидам, вале дидам, ки бо ман мисли хоҳари худаш рафтор мекунад. Боре дар танҳоӣ маро ба хонаи хобаш бурду бо чашми гирён як номаи дурударози даруни лифофаи калон андохтаро нишон дода гуфт:

-Соро, ман ин номаро дар кунҷи сандуқ мемонам. Баъди вафот карданам, номаро ба фарзандонам деҳ, ин васиятномаи ман аст.
Дар ҷавоб пурсидам:
-Апаҷон, шумо чӣ гуна бемор ҳастед, ки ин қадар маъюсу руҳафтода мегардед?
Дар чашмонаш ашк ҳалқа заду гиря гулӯгираш намуда, базӯр гуфт:
-Ман саратон дорам. Як бор химия кардам. Дигар қуввати беморхонаро надорам. Шавҳарам бисёр одами хуб аст. Ман дар зиндагӣ як духтар будам. Апаву хоҳар надоштам. Барои ҳамин дар вақти зинда буданам туро ба шавҳарам никоҳ карда додам. Аз барои Худо, ман рашкат надорам, мани бемор қуввати рашк кардан ҳам надорам. Ягона хоҳишам ҳамин аст, ки баъди маргам кӯдаконамро мисли фарзандонат нигоҳ кун, савоб мегирӣ.
Аз шунидани ин гап дилам сиёҳ шуда, наздаш нишастаму ҳамроҳаш ашк рехта, иброз намудам:
-Ба ҷойи апаам бошед, дигар ин хел гапҳоро нагӯед.
Баъди ду моҳи ин суҳбат якбора аҳволи зани шавҳарам бад шуд. Ӯро ба беморхона бурданд, аммо аз он ҷо ҷасадашро гардонида оварданд.
Дар марги зани шавҳарам мисли одами наздиктарини ҳаётам хеле ғам хӯрдам. Ҳоло худам дугоник Фотимаву Зуҳро дорам. Фарзандони шавҳарам мисли модарашон ботавфиқу бофаросатанд. Мо оилаи хушбахтем. Аммо ҳар боре, ки васиятномаи зани шавҳарамро мехонам, дилу ҷигарам реш мегардад. Ҳоло мехоҳам мактуби зани шавҳарамро ин ҷо дарҷ намоям:
"Фарзандонам Фархунда, Сумая, Сурайё, Довудҷон, Зафарҷон, Фаррухҷон! Агар рӯзе шаваду маро аз даст диҳед, натарсед.
Одамӣ ҳама чашандаи марганд. Ман шуморо ба дунё овардам, то давомдиҳандаи насли ман бошед. Баъди маргам ҳаргиз гиря накунед. Фақат бароям дуо кунед. Агар хоҳед, ки руҳи ман доимо ором бошад, падаратонро бо ҳамсари наваш ҳурмату эҳтиром намоед. Ӯ духтари хуб аст. Хубӣ ҳама вақт ба худ подоше дорад. Агарчӣ ман бимирам, ҳамеша бо шумоям. Мебинам, ки чӣ кор карда истодаед. Худованд ҳамаи шуморо аз офатҳои заминӣ нигоҳ дорад. Омин. Дидор дар қиёмат, ҷону ҷигарҳои ман".
Хонандагони азиз, бароям дардовар аст ин ҷо боз чизе навиштан, ҳаминро фақат гуфтан мехоҳам, ки якдигарро дӯст доред. Одам ғанимат аст.
Хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД