formula
Зани зебо ҳеҷ гоҳ хушбахт намешавад?
27.11.2022
ОИЛА
2527


Ман 18 солаам, соле қабл волидонам маро ба шавҳар доданд. Азбаски духтари зебо ҳастам, хостгорони зиёде доштаму чандин ҷавони ҳаммактабу ҳамдеҳа ба ман изҳори муҳаббат карда буданд.

Замони ба шавҳар баромаданам дар курси аввали донишгоҳ таҳсил мекардам ва аллакай чандин хостори шаҳрӣ низ хонаамонро кофта, ба деҳа рафта буданд. Вақте ки волидонам маро бо ҷавони дорое фотиҳа карданд, аксари дугонаву ҳамсинфонам, ки ба ман ошиқ буданд, аз рашк сӯхта, дар ҳаққам ҳар гуна гапу овоза паҳн карданд.

Бо гумон он ки баъди шавҳар карданам аз ошиқони шилқин халос мешавам, ба ин издивоҷ розигӣ додам. Дар давоми як соли оиладорӣ фаҳмидам ки духтар ё зани зебо ҳеҷ гоҳ хушбахт намешудааст.

Вақте духтар будам, аз рашки дугонаҳо азият мекашидам, баъди ба шавҳар баромаданам дучори рашки хоҳаршӯву дигар пайвандони шавҳар гаштам.

Зани зебо ҳамеша дар маркази диққати одамон қарор дорад, баробари аз хона берун шуданам ҳама ба ман таваҷҷуҳ мекунанд. Ба куҷо меравам, чӣ мепӯшам, чӣ мехӯрам, чӣ гуна роҳ мегардам, чӣ гуна рафтор мекунам, чӣ гуна гап мезанам.

Вале бо вуҷуди ин, ман хушбахт нестам, зеро шавҳарам маро дӯст намедорад. Шабҳо ба хона наомаданаш бас набуд, ки боз ба сарам мушт мебардорад.

Волидонам ихтиёрро ба худам гузоштанд ва гуфтанд, ки ҳамеша маро дастгирӣ мекунанд, вале ман намехоҳам номи бевагиро гирам. Намехоҳам, ки ба хонаи волидонам баргашта, боз таънашунави дӯсту душман гардам. Дилам аз одаму олам ях гаштааст, чизе намехоҳам.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД