Lmarka 2025
Занҳои дастнигар…
611

Побанди шавҳар

Побанди шавҳар набудан, ҳаргиз маънои онро надорад, ки зан бояд аз гуфтаи шавҳари хуб берун баромада ба қавли маъмул ўро писанд накунад. Мақсади мо аз овардани ин ибора тамоман чизи дигар аст. Гап дар сари он меравад, ки новобаста ба шиорзаниҳои масъулин зан дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ побанду дастнигари шавҳар боқӣ мемонад. Баъзе мардони муҳтарами мо гумон мекунанд, ки чун зан хонашин аст, ўро бекорхуҷаву тайёрахўр ном бурдан мумкин аст. Аммо ҳаргиз ин тавр нест…

Масъулияти зани хонашин

Мо бисёр мушоҳида мекунем, ки мардони мо бо андаке боло рафтан дар зинаҳои мансаб занҳояшонро хонанишин мекунанд, барои онҳо ояндаи зан, доираи муошират ё ба фано рафтани меҳнату хониши ў дар донишгоҳ ҷаве арзиш надоранд. Дар ин гуна ҳолатҳо аксари мардон як гуна амр доранд: “Ман тамоми шароитро бароят фароҳам меорам, ту хона нишаста фарзандонатро тарбия менамоӣ, меҳмонҳои маро қабул мекунӣ ва хизмати хешу табори маро ба ҷо меорӣ!”.

Шумо тасаввур кунед, масъулияти тарбияи фарзанд, кору бори хона, қабулу гусели меҳмон чӣ қадар ташвиш дорад? Яъне зани хонашин садҳо маротиба зиёд аз онҳое кор мекунад ки ба кори давлат машғуланд, аммо бо ин ҳама чӣ гуна арзи сипос мешунавад? Оё ҳама вақт аз ин гуна зан ҳамсару фарзандон ризоманд ҳастанд?

Шамсия ном бонуи 55-сола баъди си соли хатми донишгоҳ нав ба кор баромадааст, мегўяд, ки танҳо таънаю маломати шавҳар ўро ба ин маҷбур кардааст… Шамсия мегўяд, ки бо хоҳиши шавҳари мансабдораш хонашин шуда чор фарзандро тарбия намуда ба ҳаёти мустақил гусел кардааст. Ҳарчанд имрўз фарзандонаш аз ў ҳеҷ чизро дареғ намедоранд, вале шавҳараш ба руи ҳама хизматҳои ў хати батлон кашида, таънааш мезанад, ки ту як рўз кор накардаӣ қадри пулро аз куҷо медонӣ?! Шамсия мегўяд, ки ман тамоми умр новобаста аз зиндагии серу пур ва шоҳонаи хеш ба хушунати иқтисодӣ гирифтор будам. Зеро шавҳарам ҳамеша маро ба бадхарҷию бепарвоӣ айбдор мекард, аслан ман ин гуна зан нестам. Зеро дар оилаи муаллим ба воя расида қадри пули меҳнатиро хуб медонам, агар ман бадхарҷ мебудам-имрўз шавҳарам соҳиби ҳавлии боҳашамату хонаҳои қатор дар пойтахт намебуд… Як сол боз аз рўи ихтисосам кор мекунам, шукри Худованд маош мегираму барои худам сарф мекунам. Шавҳарам ду моҳи аввали ба кор баромаданам «исён» бардошт, ҳоло ба ман коре надорад, аммо ман сахт пушаймонам, ки чаро барвақтар ин корро накардам?!

Дастнигарӣ ва рўҳафтодагӣ

Занҳои хонашинро дар баробари хушунати иқтисодӣ, чизи дигар пайгир аст, ки он хушунати рўҳӣ ном дорад. Мо дар болотар дар бораи мардоне гуфта гузаштем, ки сарватманд ҳастанду намехоҳанд ҳамсаронашон мисли занҳои дигар кор кунанд. Аммо боз мардоне ёфт мешаванд, ки новобаста аз он ки пул доранд ё не, оиларо таъмин мекунанд ё не, бонуи хонадони худро хонашину сатрпўш дидан мехоҳанд. Аксарияти ин мардон дар кўча ба занони ба қавли эшон «бесатр» бо чашми ҳавас менигаранд ё аз қабили «мўйбуридаҳо» зани дуюм ё маъшуқа низ доранд. Ин бофтаи хаёли мо нест, инро мо аз мушоҳидаҳои рўзмарра мегўем. Савсан ном бонуи 28-сола мегўяд пас аз хатми коллеҷи тиббӣ ба хеши дури падараш, ки корманди ҳарбӣ аст ба шавҳар баромад. Шавҳараш аз рўзи аввал монеи кор карданам буд, ҳарчанд дар қисми ҳарбияшон госпитали хубу муҷаҳаззе ба кормандони тиббӣ ниёз дошт. Вақте хусурам ба вай маслиҳат дод, ки бигузор ҳамсарат ҳамроҳат кор кунад, ў ҷангу ҷанҷол карда ҳатто таҳдиди талоқ намуд. Инак ман даҳ сол боз хонашинам, шавҳарам дар баробари он ки маоши хеле кам мегираду ману ду фарзандамро хуб таъмин карда наметавонад, боз зани дуюм дорад. Зани дуюмаш дар ширкате ба ҳайси муҳосиб кор мекунад ва баракси ман сарлучу мўйбурида аст. Дар манзили якҳуҷрагӣ бо ду фарзанди хурдсол нигоҳ карда мешинам, ки кай ў аз дарам медарояду маводи хўрданӣ меорад. худам пинҳон аз ў (зеро шавҳарам ин корро низ бароям маън кардааст) ба ҳамсояҳо сўзандору гузаронида як сум ду сум меёбам. Намедонам ин дастнигарӣ то кай давом мекунад, вале зуд-зуд барои кор бо шавҳарам моҷаро мекунам. Фикрҳои пучу бемаънии ў маро ҳам ба ғазаб меоранду ҳам ба ҳайрат, чун ба ў мегўям, ки чаро зани дуюматро кор кардан мемонию маро не? мегўяд, ки ту зани поку ҳалоли манӣ, бояд фарзандонамро тарбия намоӣ! Ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки мард чаро бо зани поку ҳалолаш ин қадар ҷабрро раво мебинаду ба зани ноҳалолаш ҳама чизро иҷозат медиҳад?! Ман наметавонам ба шавҳарам фаҳмонам, бо рўҳи шикастаю ноором чӣ гуна метавонам ба фарзандонамон, ки аз моҷароҳои мо безор шудаанд тарбияи хуб диҳам?

Савсан дар бораи ҷабри ба ў мекардаи шавҳар ҳақиқати ҳолро мегўяд, зеро дар хонадони ин ҷуфт хушунати иқтисодию маънавӣ ва ҷисмонӣ як ҷо мисли бало ҳукмронӣ дорад, ки ҳама аз ҷаҳолати як мард- сарвари хонадон сарчашма мегирад. Сарчашмаи ҷаҳолати ин бародар ва мардони ба ў монанд бошад-нобоварӣ ба занони коргар аст…

Зан ҳам одам аст!

Занеро солҳо мешинохтам (худо раҳматаш кунад) ў шавҳар ва 11-фарзанд дошт. Шавҳараш генерали машҳури кишвар, ки ба ин унвон солҳои шуравӣ мушарраф шудааст, ҳама фарзандонаш соҳиби маълумоти олӣ ва ашхоси дар ҷомеа мавқеъ дошта, аммо ў то рўзҳои охири ҳаёташ дар мактаби миёнае ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегуфт…

Мо ҳамкор будем, баъзан медидам, ки ў нисфи маошашро ба муаллимони камбизоат тақсим карда медод. Ба нафарони зиёде, ки ба наздаш барои қарз гирифтан мерафтанд ёрдам гўён маблағ медоду онро дигар намегирифт. Бо ин зан сўҳбати матбуотӣ ҳам доштам, ки шиораш дар зиндагӣ дасти фитодае гирифтан буд. Пас чаро хоҳарони азизи мо пеш аз издивоҷ бо ҳамсарони ояндаи худ, намегўянд, ки новобаста аз он ки фардо ту вазир мешавӣ ё вакил ман кор мекунам! Дастнигари касе будан, мушкил аст, агар ҳунар, истеъдод ё маълумот доред пас қадаме ба пеш гузоред. Худро аз хушунату миннату таънаю эрод эмин нигаҳ доред.

Лолаи САИДАКБАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД