arzon replenishment
ЗАНУ ШАВҲАРИ АМРИКОӢ ШАҲРВАНДОНИ ФАХРИИ ЮНОН ШУДАНД
1113

 

Том Ҳэнкс, ҳунарманди 64-солаи амрикоӣ, ду карат барандаи ҷоизаи “Оскар” ва ҳамсараш Рита Уилсон, ҳунарпешаи 63-солаи амрикоӣ расман шаҳрвандони фахрии Юнон шудаанд. Дар ин бора сарвазири Юнон Кириакос Митсотакис хабар додааст.

Сарвазир акси чорнафараи худу ҳамсараш Марева Грабовский ва ҷуфти ҳунармандро нашр карда, навиштааст, ки “Том Ҳэнкс ва Рита Уилсон акнун шаҳрвандони фахрии Юнон ҳастанд”. Охири моҳи декабри соли гузашта собиқ президенти Юнон Прокопис Павлопулос фармони додани шаҳрвандии Юнонро ба зану шавҳари амрикоӣ имзо карда буд, зеро Ҳэнкс ҳамеша шаҳрванди ин кишвар будан мехост.

Рита Уилсон тавассути авлоди модариаш решаи юнонӣ дорад. Соли 1988, замоне ки Ҳэнкс бо Уилсон оиладор шуд, дини ҳамсараш, яъне дини провославиро қабул кард ва аз ҳамон вақт шавқи гирифтани шаҳрвандии Юнон дар дилаш ҷӯш мезад. Инак, онҳо ба орзуи худ расиданд. Қаблан дар бораи ба коронавирус гирифтор шудану шифо ёфтани ин ҷуфти ҳунарманд хабар дода будем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД