formula55
ЗЕБОСАНАМҲОИ ТОҶИКИСТОН: ТАҲМИНА ЗЕБОСТ Ё ФОТИМА?
1189

 

Расонаҳои хориҷӣ одате доранд, ки ҳамасола рӯйхати зеботарин, ҷаззобтарин, гаронарзиштарин ва доротарин ситораҳоро нашр мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, ин одат ҳанӯз ба ҳукми анъана надаромадааст ва ба ҳамин хотир, то кунун мо намедонем, ки кадоме аз ситораҳои санъати тоҷик зеботарину доротарин ва ҷаззобтарину гаронарзиштаринанд.

Ҳафтаномаи “Оила” рӯйхати зеботарин ситораҳои тоҷикро, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз марз низ маҳбубу машҳуранд, омода намуд, ки бо онҳо дар матлаби зер шинос шуда метавонед.

  1. Таҳмина Ниёзова, овозхони 32-солаи тоҷик дар рӯйхати зебосанамҳои мо мақоми ёздаҳумро касб мекунад. Таҳмина набераи овозхон ва оҳангсози зиндаёд, устоди Шашмақом Боймуҳаммад Ниёзов буда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон маъруфу машҳур аст. Ӯ соли 2008 дар озмуни байналмилалии сурудҳои эстрадӣ “Панҷ ситора. Интервидение” иштирок намуда, сазовори Шоҳҷоизаи озмун гашта буд. Ниёзова донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ буда, дар эҷодиёташ низ сурудҳо бо забонҳои хориҷӣ кам нестанд.

 

  1. Макнуна Ниёзова, тарроҳи 34-солаи тоҷик, ки барои қисми зиёди санъаткорони мо пироҳанҳои зебои саҳнавӣ омода мекунад, дар ҷои дувоздаҳум қарор мегирад. Макнуна мехост, ки ҳунарпешаи театру синамо шавад, аммо тавсияи падар ӯро ба олами мӯд овард. Ниёзова коллексияи либосҳояшро дар чандин озмунҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Face of Central Asia” (“Чеҳраи Осиёи Марказӣ”) намоиш дода, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ низ гаштааст. Маҷаллаи итолиёии “Donna” Макнуна Ниёзоваро ба модели 40-солаи амрикоӣ Ким Кардашян монанд кардааст.

 

  1. Фотима Мирзохонова, модели шинохтаи тоҷик ва намояндаи расмии “Face of Central Asia” дар Душанбе дар рӯйхати мо зинаи сездаҳумро ишғол мекунад. Фотима ғолиби озмунҳои байналмилалии зебоии “Face of Central Asia-2016” ва “Fashion House International-2017” мебошад. Вақте Фотима дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ғолиби озмуни “Fashion House International-2017” дониста шуд, ба ӯ унвонҳои “Super Model-2017” ва “Miss Central Asia”-ро низ дода буданд. Фотима ғайр аз моделӣ, боз кошонаи ҳусн ва мағозаи либосҳои занона дорад.

 

  1. Мадина Тоҳир, модели 34-солаи олмонии тоҷиктабор мақоми чордаҳумро дар миёни зебосанамҳои рӯйхати мо касб мекунад. Мадина дар шаҳри Элмсҳорни Олмон таваллуду ба воя расида бошад ҳам, аслаш аз тоҷикони Афғонистон мебошад. Мадинаи тоҷиктабор тобистони соли 2008 дар 57-умин озмуни зебоии “Miss Universe 2008”, ки дар шаҳри Нячанги Ветнам баргузор шуда буд, аз номи Олмон баромад карда, унвони “Зебосанами Олмон”-ро ба даст овард. Имрӯз ӯро бо шарофати ҳусну ҷамоли нотакрораш дар саросари ҷаҳон мешиносанд.

 Мадина Тоҳир

  1. Гулбаҳор Бекназар, модел ва ороишгари тоҷик, ки феълан дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб кору зиндагӣ дорад, дар рӯйхати зебосанамҳо мавқеи понздаҳумро ҳифз мекунад. Гулбаҳор бори нахуст соли 2016 Тоҷикистонро дар озмуни зебоии “Queen of USSR Dubai” намояндагӣ кард ва бо ҳамин, ӯро дар тамоми ҷаҳон шинохтанду роҳаш ба сӯйи мӯд ва тиҷорат боз шуд. Ӯ ҳоло дар Дубай тиҷорати шахсии худро дорад ва бо бештари ҳунармандони ҷаҳонӣ низ ҳамкорӣ кардаасту мекунад.
    Гулбаҳор Бекназар

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД