Arzon march 2024
Зеботарин марди ҷаҳон кист?
2448

Олимон Роберт Паттинсон, ҳунарманди 33-солаи бритониро зеботарин марди ҷаҳон номидаанд. Дар ин бора хабаргузории РИА «Новости» бо такя ба «The Sun» хабар додааст.

Ин ҳунарманди ҷавон тавонистааст, ки дар натиҷаи омӯзиши афрод бо риояи принсипҳои қадимии юнонии таносуби тиллоӣ аз футболбози бритонӣ Дэвид Бекхэм ва ҳунарманди амрикоӣ Брэд Питт пеш гузарад. Ҳамин тавр, омӯзиш нишон додааст, ки таносуби чеҳраи Роберт Паттинсон ба 92,15% комил будааст. Принсипи таносуби тиллоӣ ҷолибияти ҷисмониро дар асоси таносуби андозаи лабҳо, чашмҳо ва дигар қисмҳои чеҳраи инсон чен мекунад. Дар ин раддабандӣ ҳунарманди 36-солаи амрикоӣ Ҳенрӣ Кавилл бо 91,64% ҷои дувум, ҳунарманди 45-солаи амрикоӣ Брэдлӣ Купер бо 91,08% зинаи севум ва ҳунарманди 56-солаи амрикоӣ Брэд Питт бо 90,51% мақоми чорумро касб кардаанд. Ҳамин тавр, ҳунарманди 58-солаи амрикоӣ Ҷорҷ Клунӣ (89,91%), ҳунарманди 51-солаи австралиягӣ Ҳю Ҷекман (89,64%), футболбози 44-солаи бритонӣ Дэвид Бекхэм (88,96%), ҳунарманди 47-солаи бритонӣ Идрис Элба (88,01%), рэпсарои 42-солаи амрикоӣ Кане Уэст (87,94%) ва ҳунарманди 39-солаи канадагӣ Райан Гослинг (87,48%) зинаҳои минбаъдаро ишғол кардаанд.


ЛАЙЛО ЗАНИ ПӮЛОД АЛЕНДОР АСТ Ё МАЪШУҚААШ? (ВИДЕО)


Соли гузашта Ҷорҷ Клунӣ бо гирифтани фоизҳои бештар дар мақоми аввал қарор дошт, вале имсол вобаста ба тағйироти синну солаш дар ҷойи панҷум қарор гирифтааст. Зебоии ин мардҳои машҳури оламро бо истифода аз технологияҳои компютерӣ, роҳбари Маркази ҷарроҳии пластикӣ ва косметикӣ дар Лондон, доктор Ҷулиан Де Силва муайян мекунад. Ҳунарманди театру синамо, навозанда ва модел Роберт Дуглас Томас Паттинсон 13-уми майи соли 1986 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир ба дунё омадааст. Ҳунарманд бо нақши Эдвард Каллен аз филми «Сумерки» ба худ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард. Аз соли 2004 то инҷониб дар зиёда аз 30 филми ҳунарӣ нақш офаридааст. Соли 2009 Роберт Паттинсон дар рафти наворбардории филми «Сумерки» бо ҳунарпешаи амрикоӣ Кристен Стюарт шинос шуд ва муносибатҳои ошиқонаи онҳо то соли 2012 идома ёфт. Вақте Роберт фаҳмид, ки дӯстдоштааш бо коргардони бритонӣ Руберт Сандерс муносибат дорад, аз ӯ ҷудо шуд. Соли 2015 ҳунарманд бо овозхони бритонӣ Талия Барнетт номзад шуданд, вале соли 2017 бо сабабҳои номаълум аз ҳам ҷудо гардиданд. Бо гузашти се сол аз байн ӯ то ҳол ҷуфти ба худ муносибро пайдо накардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД