ZET-MOBILE барои муштариёни корпоративӣ идораи нав кушод
15.04.2024
Oila.tj
264

Ширкати ZET-MOBILE барои хизматрасонии балансифат ба корхонаву муассисаҳои давлатию шахсӣ ва муштариёни дигаре, ки ба таври корпоративӣ ба ин оператори мобилӣ пайваст шуданиянд, идораи нав кушод.

1_28

ZET-MOBILE дар бинои нави Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муштариёни корпоративии худ дафтари муосири хизматрасонӣ кушод. Меҳмони фахрии ин чорабинӣ Раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур буд.

2_55

Маросими тантанавии буридани лента рамзи оғози нав барои ширкат гардид. Идораи нави ZET-MOBILE дар маркази шаҳр-хиёбони Рӯдакӣ 57 воқеъ гашта, бо таҷҳизотҳои муосир, ки кори муштариёнро осон ва зиндагиашонро хеле бароҳат мегардонад, муҷаҳҳаз мебошад.

3_50

Мизоҷони корпоративӣ метавонанд ҳамчунин тавассути сервиси персоналӣ машварат ва дар бораи пайваст кардани хидматҳои рақамӣ барои рушди тиҷорат пешниҳодҳои махсус бигиранд.

4_44

Дафтари нави хидматрасонӣ бо назардошти эҳтиёҷоти ширкатҳои муосир таъсис дода шудааст, ки барои самаранок кор кардан алоқаи боэътимод ва босифатро талаб мекунанд.

5_29

ZET-MOBILE кӯшиш мекунад, ки муштариёни корпоративии худро бо сатҳи баланди хидматрасонӣ таъмин намояд.

6_22

Бояд қайд намуд, ки дар наздикии дафтари корпоративӣ инчунин дафтари нави хизматрасонӣ барои шахсони воқеӣ кушода шудааст. Ба муштариён доираи васеи хидматрасониҳо пешниҳод карда мешавад, дар ин ҷо шумо метавонед ба шабака пайваст шавед, барои хидматҳои алоқа маблағ пардохт кунед, хизматрасониҳои иловагиро интихоб ва пайваст намуда, аз муттахассисон машварати касбӣ бигиред.

7_11

- Вазифаи асосии ширкат ҳамеша дар паҳлӯи муштариён будан аст! Мизоҷон бояд хидматҳои зарурии алоқаро дар наздикии хонаи худ ё дар роҳ ба сӯйи корхонаашон бигиранд, зеро ин барои онҳо қулай аст. Аз ин рӯ, рушди ҳудудии нуқтаҳои хизматрасонӣ барои ширкат афзалиятнок мебошад. Минбаъд мо мекӯшем, ки натанҳо офисҳои нави хидматрасонӣ кушоем, балки дар ҳама нуқтаҳо барои муштариёни ширкат сатҳи баробар ва баланди хидматрасониро таъмин намоем,- таъкид намуд Улуғбек Урунов, директори тиҷоратии ширкати ZET-MOBILE.

8_10

Идораи нави ширкати ZET-MOBILE барои хизматрасонии корпоративӣ рӯзҳои корӣ аз 9.00 то 18.00 кор мекунад. Идораи хизматрасонӣ барои шахсони воқеъӣ бошад, дар як ҳафта 7 рӯз бидуни истироҳат аз соати 9.00 то 18.00 кор мекунад.

9_8

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД