Arzon march 2024
ЖЕРАР ДЕПАРДЁРО БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУС ГУНАҲКОР МЕКУНАНД
1085

Прокуратураи Фаронса нисбати Жерар Депардё, ҳунарманди 72-солаи фаронсавӣ дубора парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст. Дар ин бора хабаргузории “Lenta.ru” бо такя ба манбаъҳои худ иттилоъ медиҳад.

Ҳунарманд барои таҷовуз ба номуси ҳунарпешаи 22-сола дар соли 2018 муттаҳам карда мешавад. Соли 2019 бинобар вуҷуд надоштани далелҳо тафтишот қатъ шуда буд, аммо соли гузашта ҳунарпеша дубора шикоят кард ва тифтишот низ аз сар гирифта шуд. Чуноне расонаҳо менависанд, Депардё худро ба ҳунарпеша дӯсти падараш муаррифӣ карда, ба ӯ гуфтааст, ки барои пешрафти кораш дар ҷодаи синамо кӯмак хоҳад кард. Ҳамин тавр, Жерар ҳунарпешаро ба хонааш дар шаҳри Париж даъват намуда, бори аввал санаи 7-ум ва бори дувум санаи 13-уми августи соли 2018 ба номусаш дастдарозӣ кардааст.

Жерар Депардё ҳоло дар озодист, аммо тафтишот дар ин самт идома дорад. Адвокати ҳунарманд мегӯяд, зерҳимояаш бо падари ҳунарпеша дӯст аст, лекин овозаҳо дар мавриди таҷовуз ва озори ҷинсӣ асос надоранд. Депардё аз маъруфтарин ҳунармандони Фаронса буда, дар зиёда аз 170 филми гуногунжанр нақш офаридааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД