26-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе маҳфили фарҳангии «Боргоҳи сухан» таҳти унвони «Зикри хайр» баргузор гардид. Маҳфил ба гиромидошти ёди аъзои собиқи «Боргоҳи сухан» - Шарофиддин Рустамов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Ҷонибек Акобир, Абдулқодири Раҳим ва Муҳаммадраҳими Сайдар бахшида шуд.
Чорабинӣ дар толори калони муассисаи «Дӯстии халқҳо» баргузор шуда, дар он аҳли адаб, рӯзноманигорон, ҳунармандон, хонандагон ва меҳмонон иштирок карданд.
Маҳфилро раиси «Боргоҳи сухан», олим, адиб ва рӯзноманигор Бӯрӣ Каримов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Ӯ таъкид кард, ки ёди неки аҳли қалам ва осори арзишманди онҳо бахше аз фарҳангу маънавиёти миллат ба ҳисоб меравад.
Бӯрӣ Каримов дар бораи ҳар яке аз шахсиятҳои гиромидошташаванда сухан гуфта, нақши онҳоро дар рушди адабиёт, журналистика ва фарҳанги миллӣ ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, номи онҳое, ки умри худро ба хидмати сухан ва маърифат бахшидаанд, дар хотираи аҳли адаб ва дӯстдорони фарҳанг боқӣ хоҳад монд.
Дар идомаи маҳфил устодони сухан, ҳунармандон ва рӯзноманигорон, аз ҷумла Суҳроби Зиё, Ортиқ Қодир, Одили Нозил ва Фирӯза Сатторӣ дар бораи зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва хизматҳои чеҳраҳои ёдшуда андешаронӣ карда, хотираҳои худро баён намуданд.
Яке аз бахшҳои ҷолиби маҳфил иштироки хонандагони муассисаи хусусии таҳсилоти миёнаи умумии «Дӯстии халқҳо» буд. Хонандагон бо омодагии хуб аз эҷодиёти шоирони маъруф, аз ҷумла Лоиқ Шералӣ ва Абдуқодири Раҳим шеърҳо қироат карданд. Иштироки насли наврас ба чорабинӣ мазмуни дигар бахшида, таваҷҷуҳи онҳоро ба адабиёт ва мероси фарҳангии миллӣ нишон дод.
Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ортиқ Қодир низ дар маҳфил баромад намуда, аз эҷодиёти устод Лоиқ Шералӣ шеъри «Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам»-ро қироат кард. Қироати шеър бо эҳсоси баланд пазируфта шуда, яке аз лаҳзаҳои таъсирбахши маҳфил гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин меҳмони хориҷӣ аз кишвари ҳамсояи Афғонистон Шамсулҳақи Ориёнфар иштирок карда, андешаҳои худро баён намуд. Ҳузури меҳмонони фарҳангӣ аз кишварҳои ҳамзабон ба маҳфил фазои дӯстӣ ва ҳамбастагии фарҳангӣ бахшид.
Дар идомаи барнома ҳунармандони мардумии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла Фурқат Саид низ ҳузур дошта, бо баромадҳои фарҳангии худ маҳфилро зеботар гардониданд. Ҳамчунин сарояндаи хушовоз Хосияти Зарафшонӣ низ бо ду таронаи пурмазмун маҳфилро ранги дигар бахшид.
Маҳфили «Зикри хайр» на танҳо як чорабинии ёдбудӣ, балки василаи муаррифии мероси адабӣ ва маънавии шахсиятҳое буд, ки дар рушди фарҳанги тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд. Зикри номи онҳо ва бозгӯ намудани хотираҳо аз фаъолияти эҷодиашон барои шинос намудани насли ҷавон бо мероси адабӣ ва нигоҳ доштани хотираи фарҳангии ҷомеа аҳаммияти хос дорад.
Камолиддин ҲАННОНӢ