formula
ЗИНДАГӢ ДАР БАЙНИ МОРУ КАЖДУМҲО
28.09.2020
Р. Азимӣ
9853
ЗИНДАГӢ ДАР БАЙНИ МОРУ КАЖДУМҲО

Муҳаррам Очилови 50-сола зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Файзободи шаҳри Турсунзода аст. Ӯ солиёни зиёд аст, ки дар як ферма дар як оғилхонаи намноку вайрона умр ба сар мебарад. Рӯзгори талхи пур аз ранҷу азоб ин занро маҷбур намудааст, ки ба сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намояд.

Ба хотири ошно шудан бо шароити зиндагии ин зан кормандони сомонаи Оила. ТЧ ба шаҳри Турсунзода сафар намуданд. Маълум шуд, ки Очилова дар як хонаи нимвайрони пур аз каждуму мор умр ба сар мебарад ва ҳаёти сангине дорад. Шикваю доду фиғони ин зани ҷафокашида ҳеҷ ба гӯши масъулин намерасад. 


Муҳаррам Очилова аз чунин зиндагии пурдард ба ҷон расидааст ва мегӯяд, агар касе ба додам нарасад, худамро ба дор меовезам. Биёед беҳтараш сарнавишти ин зани ҷафокашидаро аз забони худаш бишнавем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД