goodwell
Зиндаҷудо (ҚИСМИ 3)
125

 

Додо, додо Шумо маро мешунавед?
Дарди дили бемори маро мешунавед?
Ман гилаи бисёр надорам, додо,
Ин гиряи афгори маро мешунавед?
Шабҳои дароз модарам мегиряд,
Аз гиряи шўри додарам мегиряд.
Бовар дорад, ки мебиёед як рўз,
Ин хоҳари хушбоварам мегиряд.
Додо, додо аз кимиё панҷам ҳаст,
Аз фани забони урусӣ ранҷам ҳаст.
Ҳарчанд либоси варзишӣ нест маро,
Як дафтари хотироти пурганҷам њаст.
Додо, дина дуто шакалад овардам!
Пулдор шудам, рафта салат овардам!
Азбаски барои хоҳарам куртка набуд,
Аз хонаи як занак халат овардам!
Аз шодии хоҳарам чунон шод шудем!
Як лаҳза зи банди гиря озод шудем!
Ин жандахалат, ки бегиребон будаст,
Аз нолаи хоҳарам ба фарёд шудем.
Додо, додо сари ману пои Шумо,
Як бор биёед, холӣ аст ҷои Шумо.
Як шаҳраки хурду мо ҷудоем зи ҳам,
Додо, додо вои ману вои Шумо!
Додо, додо зани ҷавон бигрифтед,
Зан қаҳт задаст, ки аламон бигрифтед?
Аз номи хуши Шумо чӣ мондаст дигар,
Ин лаҳза, ки номи занкалон бигрифтед?
Додо, додо зи роҳатон баргардед,
Аз пеши зани худхоҳатон баргардед.
То умр бувад интизорем, додо
Бар манзилу бар даргоҳатон баргардед!
Дар хонаи мо сурати додом ҳаст аст,
Дар ҷои баланду як ваҷаб чанг бастаст.
Ҳар гаҳ, ки бубинем, очаам мегўяд:
Аз чанги зани худхоҳи додот растаст.
Ҳар лаҳза ки ман нафас барорам, додо!
Аз кунҷи дилам ҳавас барорам, додо!
Ҳар чи ки кунам намебиёед, охир
Орзую умед абас барорам, додо?
Додо, додо алам кашидам, додо!
Аз ашки зиёд нам кашидам, додо!
Нодида ҷавонӣ, пир шудам! Мефаҳмед?!
Аз зиндаҷудоӣ ғам кашидам додо!

Сабрина бо ашки шашқатор ин шеърро хонд ва ба шавҳараш рӯй оварду гуфт:

- Ардашер ҳар рӯз ба ровии радио занг зада хоҳиш мекунад, ки ҳамин шеърро бо овози марғуладораш бештар хонад. Шояд падараш ва ё дигар падарони аз зану фарзанд дур гашта пушаймон шуда назди фарзандонашон оянду онҳоро бонӣ кунанд.  

Сабрина дафтари Ардашерро гирифту боз ба ҷевон гузошт. Аз нав назди Мурод омаду дар рӯ ба рӯяш нишаст ва суханашро идома дод:

- Мурод, ба фарзандонамон нигаред, рӯз аз рӯз руҳану ҷисман мешикананд. Онҳо парвариш мехоҳанд, на сарзаниш.

Сабрина рӯймоли сарашро дуруст карда аз ҷой хесту аз хона бадар рафт. Насиҳатҳои завҷааш ба Мурод заррае таъсир намекард. Ӯ кору рафтори худро дуруст мешуморид. Вале аз шунидани ин шеър дарун-дарун месӯхт ӯ якбора...

Шунидани шеър ба Мурод сахт таъсир кард. Ашк гулӯгираш намуд. Фиғони сахте бароварду бо ду дасташ торҳои мӯяшро канд. Ӯ дар байни обу оташ монда буд. Хоҳарони Мурод, ки ӯгай буданд, мехостанд оилаи акаашонро вайрон карда, интиқоми модарашонро гиранд. Инчунин молу давлати ҷамъкардаи ӯро соҳиби кунанд. Маҳз барои ҳамин бо дугонаашон забон як карда, ӯро ба додарашон зани дувум карда никоҳ карданд. Барои он ки Сабрина ва ҷиянҳояшон азоби бештар бинанд, Муродро ҳам ба Русия бо зани наваш гусел карда буданд.

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД