Зӯроварии рақамӣ нисбат ба занон ва нақши ВАО дар пешгирии он
10.12.2025
Oila.tj
60

Бо ибтикори сомонаи Oila.tj ва СММ Занон (Муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон) дар доираи маъракаи “16 рӯзи мубориза бар зиддӣ зӯроварӣ” санаи 8-декабр дар меҳмонхонаи Hilton”-и пойтахт бо иштироки намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, журналистон ва блогерҳо дар мавзӯи “Зӯроварии рақамӣ нисбат ба занону духтарон ва нақши ВАО дар пешгирии он” мизи мудаввар баргузор гашт.

ВАО ва зӯроварии рақамӣ

Дар чорабинӣ Марзия Байдуллоева - роҳбари СММ Занон дар Тоҷикистон, Марҳабо Олимӣ - коршиноси Ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт”, Ҳасанзода Шаҳло - мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯза Мирзоева - равоншинос, мутахассиси амнияти рақамӣ, Шаҳодат Соибназарова - дотсенти кафедраи журналистикаи ватанӣ ва байналмилалии Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон, Фирӯза Сатторӣ - сармуҳаррири сомонаи Oila.tj, журналистон, коршиносон ва блогерҳо аз васоити гуногуни ахбори омма ширкат варзида, фикру андешаҳои худро дар боби зӯроварии рақамӣ нисбат ба бонувон баён намуданд.

Мавзӯи доғи ҷомеаи муосир

Дар оғоз Марҳабо Олимӣ дар боби аҳамияти технологияҳои рақамӣ дар пешрафти ҷомеа сухан ронда, таъкид намуд, ки технологияҳои муосир, махсусан зеҳни сунъӣ кору фаъолияти инсонро хеле осон гардонида, имрӯз дар тамоми соҳаҳо ба таври фаровон истифода бурда мешаванд, аммо дар радифи ҳазорон манфиат, мутаассифона хатарҳои зиёде низ дар пай доранд.

Яке аз чунин хатарҳои технологияҳои рақамӣ истифодаи аксу чеҳраи занону духтарон дар маводҳо ва наворҳои пастзанандаи шаъну шарафи инсон мебошанд. Занону духтарони зиёде дар саросари олам дар фазои маҷозӣ ба намудҳои гуногуни зӯроварии рақамӣ аз қабили шантаж, фиреб, кибербуллинг, киберсталкинг, туҳмат ва таҳдид гирифтор мегарданд,ки оқибатҳои нохушро дар пай доранд.

Қонунгузорӣ такмил мехоҳад...

Марзия Байдуллоева, роҳбари СММ-Занон дар Тоҷикиситон зимни баромади хеш таъкид намуданд, ки соли равон маъракаи “16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ” махсус ба зӯроварии рақамӣ нисбат ба занону духтарон бахшида шудааст, зеро ин масъала имрӯзҳо яке аз мавзуъҳои доғи ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

“Айни замон ҳудуди 1, 8 миллард занону духтарон дар ҷаҳон бидуни ҳимояи ҳуқуқӣ аз зӯроварии рақамӣ зиндагӣ мекунанд, зеро дар 60%-и кишварҳои ҷаҳон қонунҳои махсуси ба мавзӯи зӯроварии рақамӣ бахшидашуда вуҷуд надоранд. Заиф будани қонунгузорӣ, мавҷуд набудани механизмҳои дақиқи танзими ҳуқуқии ин масъала, имкони махфӣ мондан дар фазои интернет, боиси он гаштааст, ки занону духтарони зиёде дар фазои маҷозӣ ба намудҳои гуногуни зӯроварии рақамӣ дучор гарданд”, - таъкид кард Байдуллоева ва дар идомаи сухан аз журналистон, блогерҳо ва дигар намояндагони ахбори омма хоҳиш намуд, ки нисбат ба ин мавзӯъ бетараф набошанд. Дар бораи зӯроварии рақамӣ ва роҳҳои пешгирии он муҳтаво омода ва нашр кунанд.

Як қадам то худкушӣ

Иштирокчиёни мизи мудаввар сарнавишти талхи точикдухтари муқими Русия Карима Раҳимоваро ёдрас шуданд, ки тариқи интернет мавриди шантаж қарор гирифта, оқибат даст ба худкушӣ зад. Таъкид шуд, ки вақтҳои охир ҳодисаҳои худкушӣ дар байни занону духтарон рӯ ба афзоиш ниҳодаанд ва ҳарчанд омори дақиқи худкушӣ бар асари зӯроварии рақамӣ вуҷуд надошта бошад ҳам, байни дигар омилҳои худкушӣ, шояд нафароне низ бошанд, ки маҳз бо сабаби дар фазои маҷозӣ ба туҳмат, шантаж ва дигар намудҳои зӯроварии рақамӣ гирифтор гаштан даст ба худкушӣ задаанд...

Киҳо бештар зарар мебинанд?

Фирӯза Мирзоева, равоншинос ва муттахассиси амнияти рақамӣ дар мавзӯи пешгирии зӯроварии рақамӣ маъруза намуда, ба ҳозирин дар бораи шаклҳои зӯроварии рақамӣ, таъсири равонии он ба ҷабрдида ва роҳҳои пешгирии намудҳои гуногуни зӯроварӣ дар фазои маҷозӣ маълумот дод.

Таъкид шуд, ки ба зӯроварии рақамӣ бештар занону духтароне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои интернет фаъол мебошанд, гирифтор мегарданд. Аз ҷумла худи журналистон, блогерҳо ва ҳунармандон низ аз зӯроварии рақамӣ дар амон нестанд ва тез-тез дар фазои маҷозӣ мавриди таҳдид ва фишор қарор мегиранд.

Махсусан пайдоиши зеҳни сунъӣ хатари ба зӯроварии рақамӣ ва таҳдиду тантаж гирифтор шудани бонувонро ба маротиб афзун гардонидааст, зеро бо истифода аз зеҳни сунъӣ баъзан чунон моҳирона симои шахсро ба қавле дуздида истифода мебаранд, ки онро аз асл фарқ кардан хеле душвор аст.

Аз нафрат то таҳдид

“Аз нафрат то таҳдид: чи гуна бояд зӯроварии онлайнро эътироф ва қатъ кард?” - чунин ном дошт маърӯзаи коршинос, дотсенти кафедраи журналистикаи ватанӣ ва байналмилалии Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон Шаҳодат Соибназарова. Мавсуф ба ҳозирин дар бораи роҳҳои мубориза бо зӯроварии рақамӣ муфассал маълумот дода, таъкид намуд, ки дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаи махсуси мубориза бо зӯроварии рақамӣ вуҷуд дорад ва шахсоне, ки ба ин ё он намуди зӯроварии рақамӣ гирифтор мегарданд, метавонанд ба ин ниҳод муроҷиат намоянд.

Оқибати тарс ва шарму ҳаё

Фирӯза Сатторӣ, сармуҳаррири сомонаи Oila.tj зимни суханронии хеш дар боби ҳассосияти ин мавзуъ дар ҷомеаи суннатии тоҷикона сухан ронда гуфт:

“Ҳарчанд дар Тоҷикистон қонуни махсуси ба зӯроварии рақамӣ бахшидашуда вуҷуд надошта бошад ҳам, қонунҳои дигари кишвар шаъну шарафи инсонро ҳифз менамоянд, вале мушкил дар он аст, ки аксари занону духтарони ба зӯроварии рақамӣ гирифтор гашта аз тарси шарманда шудан дар назди хешу табор ва аҳли оила ба ягон мақомот шикоят намекунанд.

“Кормандони милитсия ҳафтае қабл мардеро боздошт намуданд, ки бо роҳи шантаж ва таҳдиди паҳн намудани аксҳои маҳрамонаашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ духтарони ноболиғро ба муносибатҳои шаҳвонӣ маҷбур мекардааст. Пештар низ чанд ҷавони дигар бо чунин ҷурм боздошт гашта, нисбаташон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта буд. Агар ҷабрдидагон муроҷиат намоянд, мақомот ҳатман аз паси санҷиши чунни ҳодисаҳо мешаванд, вале мутааасифона дар аксари ҳолатҳо занону духтарони ба зӯроварии рақамӣ гирифторшуда аз тарс ва шарму ҳаё ин розро то лаҳзаи охир пинҳон медоранд ва бархе чораи дигар наёфта, барои халосӣ азҳ ин гирдоб даст ба худкушӣ мезананд”, - гуфт Фирӯза Сатторӣ ва аз ҳамкасбони хеш даъват ба амал овард, ки бештар сари ин мавзуъҳо бигӯянд, то маърифати рақамии ҷомеа боло рафта, роҳҳои мубориза бурдан бо кибербуллинг, таҳдид, шантаж ва дигар намудҳои зӯроварии рақамиро мардумро омӯзанд.

Хулоса ва пешниҳодҳо

Дар охир байни иштирокчиёни чорабинӣ ва коршиносон саволу ҷавоб сурат гирифта, пешниҳодҳои зерин ироа гаштанд:

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонун дар бораи пешгирии ҳама намудҳои зӯроварӣ” вуҷуд дорад, вале қонуни мушаххасе, ки ба кибербуллинг, шантаж, туҳмат ва дигар намудҳои зӯроварии рақамӣ бахшида шуда бошад, вуҷуд надорад. Аз ин рӯ пешниҳод шуд, ки дар қонунгузории кишвар вобаста ба зӯроварии рақамӣ бахши алоҳида ворид карда шавад.

2. Стратегияи мубориза бо зӯроварии рақамиро таҳия ва пешниҳод карда шавад.

3. Гузаронидани маъракаи саводи расонаӣ байни занон ва духтарон.

4. Ташкил ва баргузор намудани тренингҳо бо иштироки блогерҳо ва журналистон дар мавзӯи зӯроварии рақамӣ.

5. Гузаронидани як маъракаи бузурги иттилоотӣ дар бораи роҳҳои мубориза бо зӯроварии рақамӣ як амри зарурӣ мебошад.

2_15

3_12

4_42

5_28

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД