goodwell
«Моҳӣ дар шаст» дар Русия соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филмнома» шуд
24.08.2026
Оила
41

«Моҳӣ дар шаст» дар Русия соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филмнома» шуд

Филми ҳунарии тоҷикӣ «Моҳӣ дар шаст» дар VII-умин синамоҷашнвораи байналмилалии «Лендок», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, миёни тақрибан 200 филм сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филмнома» гардид.
Ҷашнвораи мазкур аз 20 то 22 август баргузор шуда, дар доираи он беҳтарин асарҳои синамои муосир ба намоиш гузошта шуданд. Дар ин бора Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар додааст.
«Моҳӣ дар шаст» аз ҷумлаи филмҳои тозаи синамои тоҷик ба ҳисоб рафта, қаблан низ дар чандин ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Тибқи маълумоти «Тоҷикфилм», ин филм дар чандин озмунҳои синамоӣ ба гирифтани ҷоизаҳои гуногун мушарраф гардидааст.
Бо дарёфти ҷоизаи нав, шумораи дастовардҳои байналмилалии «Моҳӣ дар шаст» боз ҳам афзудааст. То имрӯз филм дар 15 синамоҷашнвора иштирок карда, 11 ҷоиза ба даст овардааст.
Гуфта мешавад, ки сенарияи филм аз ҷониби Бахтиёр Каримов навишта шудааст. Гирифтани ҷоизаи «Беҳтарин филмнома» дар «Лендок» бори дигар аз таваҷҷуҳи ҷашнвораҳои байналмилалӣ ба синамои тоҷик ва маҳсули эҷодии филмсозони кишвар дарак медиҳад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД